Масъули беморхонаи сироятӣ: 48 сокини Шамсиддин Шоҳин аз қурут заҳролуд шудаанд

Таҳқиқи аввалияи заҳролудшавии 48 сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин маълум кардааст, ки ҳамаи онҳо аз қурут ё дуғобе, ки маҳсулоти асосии қурутоб ба ҳисоб меравад, заҳролуд шудаанд. Як корманди масъули Беморхонаи сироятии вилоятии шаҳри Кӯлоб дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ин танҳо натиҷаи пешакӣ аст ва онҳо намедонанд, ки қурут ё дуғе, ки барои омода кардани […]

Таҳқиқи аввалияи заҳролудшавии 48 сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин маълум кардааст, ки ҳамаи онҳо аз қурут ё дуғобе, ки маҳсулоти асосии қурутоб ба ҳисоб меравад, заҳролуд шудаанд.

Як корманди масъули Беморхонаи сироятии вилоятии шаҳри Кӯлоб дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ин танҳо натиҷаи пешакӣ аст ва онҳо намедонанд, ки қурут ё дуғе, ки барои омода кардани қурутоб истифода шуд, таҳти кадом шароит тайёр шудааст.

Ба иттилои манбаъ, аз 24 нафари заҳролудшудае, ки дар ин беморхона бистарианд, 6 нафарашон кӯдакон мебошанд.

“Вазъи саломатии онҳо беҳтар шудааст ва эҳтимол ҳамаи онҳо имрӯз аз беморхона рухсат шаванд”, – гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, раиси ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон Зафар Гулзода дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, "ҳоло мушаххас нашудааст, ки 48 сокини ин ноҳия аз кадом ҷузъи қурутоб заҳролуд шудаанд ва санҷиши ҳодисаи заҳролудшавӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад".

Ӯ афзуд, ҳамаи 48 нафаре, ки бо нишонаҳои заҳролудшавӣ аз ғизо дар беморхонаи ноҳиявӣ ва вилоятӣ бистарӣ шуда буданд, мураххас шуданд.

Гулзода қайд кард, ки роҳбарияти Раёсати тандурустии вилоят, маркази санитарию эпидемиологии вилоят ва зерсохторҳои онҳо фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, сабаби заҳролудшави ҳодисаро муайян мекунанд.

"Ҳамаи сокинон бо аломатҳои дилбеҳузурӣ дар беморхона бистарӣ карда шуданд. Ба онҳо сари вақт ёрии зарурии тиббӣ расонида шуд", – гуфт ӯ.

Ёдовар мешавем, ки 24-уми январи соли ҷорӣ 48 нафар пас аз истеъмоли қурутоб дар хонаи яке аз сокинони рустои Чагами ноҳияи шамсиддин Шоҳин заҳролуд шуда, ба бемористон интиқол ёфтанд.

Баъди чанд соати ҳодиса ҳукумати ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иттилоия пахш намуд, ки "шаҳрвандон сари вақт ба беморхона интиқол дода шуда, ба хизматрасонии саривақтии тиббӣ фаро гирифта шуданд, ки аксарият бо беҳтар шудани вазъи саломатӣ аз беморхона ҷавоб дода шудаанд".

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.