Ширин Амонзода: “Ба кори илмӣ машғул мешавам”

Date:

Ширин Амонзода, вазири пешини меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баъди барканориаш зимни як суҳбати кутоҳи телефонӣ бо “Азия-Плюс” сукутро шикаст ва дар робита ба ҳоли имрӯза ва нақшаҳои ояндааш ҳарф зад. Ӯ гуфт, ба кори илмӣ машғул мешавад.

Ширин Амонзода, ки гуфта мешуд яке аз кадрҳои ояндадори ҳукумат аст, моҳи январи соли равон баъд аз 3 соли роҳбарӣ аз мансаби вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҳамроҳи муовинонаш барканор гардид. Ӯ дирӯз, 5-уми феврал, 45-сола шуд.

Номбурда зодаи пойтахти кишвар ва хатмкардаи Донишгоҳи Осиё ва Уқёнуси Ороми Ҷопон аст ва қабл аз вазирӣ роҳбарии Кумитаи рушди сайёҳии кишварро ба зимма дошт.

“Азия-Плюс” дар як тамоси кӯтоҳи телефонӣ ба ҷашни зодрӯзаш ӯро табрик гуфт ва аз ҳолу рӯзгори имрӯзааш пурсид.

– Имрӯзҳо чӣ ҳолу аҳвол доред?

– Ҳолам хуб аст.

– Ба чӣ кор машғулед?

– Бештари вақт дар хона ҳастам. Ҳамроҳи фарзандонам. Бояд гӯям, ки дар хона будан маънои бекориро надорад. Ба мутолиа машғулам. Китобҳоро варақ мезанам. Ба китобхонаҳо сар мезанам, махзанҳои илмиро варақгардон мекунам, мехонам, менависам, пажӯҳиш мебарам.

– Нақшаҳои минбаъда чӣ аст?

– Ба кори илмӣ машғул мешавам.

– Шумо аллакай номзади илм ҳастед. Кори докториатон дар чӣ хусус мешавад?

Дар доираи “Муколамаи тамаддунҳо” аст ва идомаи кори номзадиам мешавад. Кори докторӣ аслан оғоз шуда буд, ки баъдан канор мондам. Ҳоло ба такрор саҳифа мегардонам.

– Каррераи сиёсиатон чӣ мешавад?

– Тасмимҳо ниҳоӣ, ки шуданд, ҳатман хабардор мешавед. Бекор наменишинам. Ба кори илмӣ ё кори дигаре машғул мешавам. Ин аниқ аст.

– Ҳудуди се сол вазири меҳнату муҳоҷират будед. Аз кори худ қаноатманд ҳастед?

– Дар ин бора чизе гуфта наметавонам.

– Пас тасмими дар пойтахт монданро доред?

– Ҳатман. Чаро не? Аслан, ин аз ҷуғрофиёи кор вобаста аст. Боз мебинем.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 5-уми январи соли равон Ширин Амонзода ҳамроҳи чанд муовинаш бо сабаби гузаштан ба кори дигар аз вазифа озод шуд.

Ба ҷои ӯ, Ҳасанзода Гулнора, ки то ин дам роҳбари Оҷонсии омори Тоҷикистон буд, вазири меҳнат таъин гардид.

Ӯ қаблан дар вазифаи раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон кор карда, дар курсии вазирӣ Гулрӯ Ҷабборзодаро иваз намуда буд.

Дертар, сардорони хадамот ва оҷонсии ин вазорат низ бо фармони раисҷумҳури кишвар аз мансаб барканор шуданд.

Ширин Амонзода, муовинон ва сардори хадамоту оҷонсии ин вазорат то ҳол ба мансаби дигар таъин нашудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...