“Фурсати донистан”: Доираи амали Кодекси расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон то куҷост?

Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Иноят Иноятов бо Меҳрубон Зокирӣ мавзуи доираи амали Кодекси расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ карданд. Кодекси расмиёти маъмурӣ бо кадом мақсад қабул гардидааст ва кадом муносибатҳои […]

Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Иноят Иноятов бо Меҳрубон Зокирӣ мавзуи доираи амали Кодекси расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

Кодекси расмиёти маъмурӣ бо кадом мақсад қабул гардидааст ва кадом муносибатҳои ҷамъиятиро ба танзим медарорад? 

Кодекси расмиёти маъмурӣ 5 марти соли 2007 қабул гардида,  аз 1 майи соли 2007 мавриди амал қарор гирифтааст. Мақсади қабул гардидани Кодекси расмиёти маъмурӣ дар ҳамин кодекс пешбинӣ гардидааст.

Кодекси мазкур тартиби таҳия, қабул ва иxрои санадҳои маъмури, тартиби баррасии ариза ва шикоятҳои маъмури, тартиби гузаронидани мурофиаи расмиёти маъмури дар суд, ҳамкории мақомоти маъмуриро муайян менамояд.

Мақсади  ин Кодекс таъмини риояи волоияти қонун, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои ҷамъият, давлат ва шахсони ҳуқуқи аз ҷониби мақомоти маъмурӣ  мебошад.

Мафҳуми «расмиёти маъмурӣ» чигуна маъно дорад?

Дар моддаи 2 Кодекси расмиёти маъмури  мафҳуми «расмиёти маъмурӣ» шарҳ дода шудааст. Расмиёти маъмури – фаъолияти маҷомоти маъмури бо мақсади таҳия, қабул ва иҷрои санади ҳуқуқии маъмури, инчунин баррасии аризаю шикоятҳои маъмури. Мисол: «расмиёти маъмурӣ оиди қабул намудани қарор оиди ҷудо намудани қитъаи замин», «расмиёти маъмурӣ оиди таъини нафақа», «расмиёти маъмурӣ оиди додаи иҷозатномаи корҳои сохтмонӣ» ва ғайраҳо.

Мақомоти маъмурӣ – мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати, аз ҷумла мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати, мақомоти худидораи шаҳраку деҳот, инчунин ҳама гуна шахси воқеи ё ҳуқуқи, ки дар асоси қонун ваколатҳои оммавии ҳуқуқиро иқро менамояд. Инчунин судҳо низ ҳангоми баррасӣ намудани баҳсҳои маъмурӣ муқарароти ин кодексро татбиқ менамоянд.

Кодекси расмиёти маъмурӣ кадом муносибатҳои ҳуқуқиро танзим менамояд?

Дар моддаи 3 Кодекси расмиёти маъмури доираи амали ин кодекс муайян карда шудааст. Кодекси расмиёти маъмури асосан фаъолияти мақомоти маъмуриро танзим менамояд. Кодекси расмиёти маъмури асосан ба масъалаҳои тартиби қабул намудан, иҷро намудан ва шикоят кардани санади маъмуриро танзим менамояд.

Амали Кодекси мазкур дар фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоxикистон дар бобати ҳалли баҳсҳои маъмури байни мақомоти маъмури нисбати тақсими ваколатҳо, афзалиятнокии санадҳои ҳуқуқии маъмурии қабулгардида ва шикоят намудан аз болои санадҳои ҳуқуқии маъмури, амалҳои мақомоти маъмури ва шахсони мансабдори ин мақомот вобаста ба иқрои вазифаҳои маъмури, инчунин дар фаъолияти судҳо ҳангоми гузаронидани мурофиаи расмиёти маъмури дар суд татбиқ мегардад.

Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.