Тоҷикистониён барои мардуми аз заминларза осебдидаи Туркия кумак ҷамъоварӣ мекунанд

Сокинони Душанбе даъвати кумак ба осебдидагон аз заминларза дар Туркияро дастгирӣ намуда, аз дирӯз ба сафорати Туркия, ки дар он ҷо нуқтаи ҷамъоварии кӯмак боз шудааст, либоси гарм ва дигар лавозимоти зарурӣ меоранд. Сафири Туркия дар Тоҷикистон Умут Аҷар ба ҳамаи тоҷикистониён барои хоҳиши кумак ба осебдидагон аз заминҷунбӣ дар кишвараш изҳори сипос кард. “Ин […]

Asia-Plus

Сокинони Душанбе даъвати кумак ба осебдидагон аз заминларза дар Туркияро дастгирӣ намуда, аз дирӯз ба сафорати Туркия, ки дар он ҷо нуқтаи ҷамъоварии кӯмак боз шудааст, либоси гарм ва дигар лавозимоти зарурӣ меоранд.

Сафири Туркия дар Тоҷикистон Умут Аҷар ба ҳамаи тоҷикистониён барои хоҳиши кумак ба осебдидагон аз заминҷунбӣ дар кишвараш изҳори сипос кард.

“Ин кумакро дар хотир медорем ва дар дил сабт мекунем. Мо самимона умедворем, ки на Туркия ва на Тоҷикистон дигар шоҳиди чунин офатҳои табиӣ нахоҳанд шуд. Аммо, бо вуҷуди ин, мехоҳем зикр кунем, ки агар Тоҷикистон зарурат эҳсос кунад, Туркия ҳамеша дар паҳлӯи мардуми тоҷик хоҳад буд”, – изҳор дошт сафир.

Субҳи рӯзи 6 феврал дар минтақаи ҷанубу шарқи Туркия заминларзаи 7,7 балла ба амал омада, ба гуфтаи президенти ин кишвар, ин сахттарин аз соли 1939 мебошад.

Бино ба маълумоти ахир, теъдоди ҳалокшудагон аз ин ҳодиса то ҳудуди 7 ҳазор нафар ва ҷароҳатбардоштагон –  то 37 ҳазор нафар расид.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти Туркия эълон кард, ки дар даҳ вилояти кишвар, ки аз заминларзаи харобиовар бо марказаш дар музофоти Қаҳрамонмараш осеб диданд, реҷаи ҳолати фавқулодаи семоҳа ҷорӣ мешавад.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон имрӯз ба Туркия кумаки башардӯстона ва 50 нафар наҷотдиҳандагон мефиристад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.