Тоҷикистон имрӯз ба Туркия наҷотдиҳандагон ва кумаки башардӯстона мефиристад

Шаби имрӯз Тоҷикистон ба Туркия кумаки башардӯстона ва 50 нафар итмдодгаронро мефиристад, хабар дод ба “Азия-Плюс” сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ. Ба гуфтаи ӯ, ҳайати гурӯҳе, ки барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ ба Туркия сафарбар мегарданд, имрӯз соати 14:00 дар пойгоҳи наҷотдиҳандагон дар Лучоб ҷамъ меоянд. “Кумаки башардӯстонаи ҳукумати Тоҷикистон, лавозимоту таҷҳизоти наҷотдиҳандагон […]

Шаби имрӯз Тоҷикистон ба Туркия кумаки башардӯстона ва 50 нафар итмдодгаронро мефиристад, хабар дод ба “Азия-Плюс” сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ.

Ба гуфтаи ӯ, ҳайати гурӯҳе, ки барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ ба Туркия сафарбар мегарданд, имрӯз соати 14:00 дар пойгоҳи наҷотдиҳандагон дар Лучоб ҷамъ меоянд.

“Кумаки башардӯстонаи ҳукумати Тоҷикистон, лавозимоту таҷҳизоти наҷотдиҳандагон ҳам ба ҳамин ҷо оварда мешаванд. Баъдан соати 12-и шаб наҷотдиҳандагон, кумаки башардӯстона ва дигар таҷҳизоту лавозимот ба фурудгоҳ бурда мешаванд”, – иброз дошт вай.

Тавре ки зикр гардида буд, ба ҳайати гурӯҳ имдодгарони соҳибтаҷриба, табиби ҷарроҳ ва ҷароҳатбанд шомиланд.

Кумаки ҷамъовардашуда ва наҷотдиҳандагон тариқи ҳавопаймои ширкати “Хатҳои ҳавоии Туркия” (Турецкие авиалинии) ба Туркия фиристода мешаванд.

Вақти дақиқи парвозро хабар надоданд, лекин тавре ки маълум аст, мувофиқи ҷадвали парвозҳо, ин ширкати ҳавопаймоӣ парвозҳо аз Душанбе ба Туркияро соати сеи шаб анҷом медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки чанде пеш сафорати Туркия дар Тоҷикистон ҷамъоварии кумак барои осебдидагон аз заминларза дар Туркияро эълон кард. Кумакро ба Душанбе бо суроғаи хиёбони Рӯдакӣ, 17/2 расонидан лозим аст.

Мувофиқи имкон кумак дар бастаҳои шаффоф бо рӯйхати чизҳои дар он мавҷудбуда оварда шавад. Ба сафорат метавон бо телефонҳои 487024100 ва 487024108 занг зад.

Тибқи маълумоти то субҳи 8 феврал, бар асари заминларза дар Туркия 5 ҳазору 894 нафар ҳалок ва боз 34 ҳазор кас ҷароҳат бардоштаанд.

Дар сафорати Тоҷикистон дар Туркия ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки ба ҳолати 7 феврал тибқи маълумоти мақомоти маҳаллӣ, байни фавтидагон ва осебдидагон шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.