Арабистони Саудӣ роҳи ҳавоиро барои кумак ба Сурия ва Туркия боз кард

Арабистони Саудӣ ҷиҳати кумак ба осебдидагон аз заминларза дар Сурия ва Туркия хатсайри ҳавоии таъҷилӣ боз кард. Ҳамчунин дар ин кишвар тариқи платформаи “Соҳим” маъракаи густардаи ҷамъоварии кумак роҳандозӣ шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз сафорати Шоҳигарӣ дар Тоҷикистон. “Ин маърака таҳти сарпарастии Маркази кумаки башардӯстонаи шоҳ Салмон ба роҳ монда шуд. То ҳозир шаҳрвандони […]

Asia-Plus

Арабистони Саудӣ ҷиҳати кумак ба осебдидагон аз заминларза дар Сурия ва Туркия хатсайри ҳавоии таъҷилӣ боз кард. Ҳамчунин дар ин кишвар тариқи платформаи “Соҳим” маъракаи густардаи ҷамъоварии кумак роҳандозӣ шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз сафорати Шоҳигарӣ дар Тоҷикистон.

“Ин маърака таҳти сарпарастии Маркази кумаки башардӯстонаи шоҳ Салмон ба роҳ монда шуд.

То ҳозир шаҳрвандони Арабистони Саудӣ барои ёрӣ ба бародарони осебдидаашон дар Сурия ва Туркия 100 млн риёли саудӣ, ки ба 26,6 млн доллар баробар аст, ҷамъ оварданд”, – хабар доданд дар намояндагии дипломатӣ.

Дар сафорат зикр карданд, ки субҳи имрӯз як гурӯҳи имдодгарон аз Арабистони Саудӣ ҷиҳати рафъи оқибатҳои офат ба Туркия сафарбар шудаанд.

Бино ба маълумоти ахир, бар асари заминларза дар Туркия 12 ҳазору 873 нафар ҳалок ва 62 ҳазору 937 кас ҷароҳат бардоштаанд. Шумори фавтидагон дар Сурия то 3 ҳазору 162 нафар расида, теъдоди осебдидагон дақиқан маълум нест.

Ба ин тариқ, теъдоди умумии ҳалокшудагон дар Туркия ва Сурия бар асари заминларза 16 ҳазору 35 нафарро ташкил медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.