Ҳалокати 10 нафар бар асари фаромадани тарма дар Хоруғу Ванҷу Варзоб

Бар асари тармафароӣ дар шаҳри Хоруғу ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ, минтақаи Варзоб, ки имрӯз, 15-уми феврал ба амал омад, дар умум 10 нафар ба ҳалокат расидаанд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар. Ба навиштаи сомонаи расмии ин ниҳод, танҳо дар ҳудуди шаҳри Хоруғ бар сари […]

Asia-Plus

Бар асари тармафароӣ дар шаҳри Хоруғу ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ, минтақаи Варзоб, ки имрӯз, 15-уми феврал ба амал омад, дар умум 10 нафар ба ҳалокат расидаанд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар.

Ба навиштаи сомонаи расмии ин ниҳод, танҳо дар ҳудуди шаҳри Хоруғ бар сари тармафароӣ 8 нафар ба ҳалокат расидаанд. 9 нафари дигар аз зери тарма наҷот дода шудаанд.

Ҳамчунин, дар ин ҳодиса 22 хонаи истиқоматӣ: 4 хона пурра ва 18 хонаи дигар қисман зарар дидаанд.

Як нафари дигар дар деҳаи Техарви ноҳияи Ванҷ зери тарма монда, ба ҳалокат расидааст. Ҷасади ӯ пайдо ва ба наздиконаш супорида шудааст.

Дар километри 66-уми шгоҳроҳи Душанбе – Чаноқ низ чор мошин зери тарма монда, як нафар ба ҳалокат расидааст. Нафарони дигар наҷот дода шудаанд.

Ҳоло шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ бастааст.

Маълумоти мазкур то соати 14:00 – и имрӯз, 15-уми феврал 23, нашр шудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар ҳушдор додааст, ки тармафароӣ то 3-4 рӯзи минбаъда идома меёбад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.