Бештар аз 1000 мусофири дармондаи ширкати "Северний ветер"-и Русия дар фурудгоҳи Душанбе имрӯз таҷаммуъ карда, аз масъулони бахши ҳавонавардии кишвар хостанд, ки ба парвозҳои онҳо иҷоза дода шавад.
Бархе аз ин мусофирон мегӯянд, ки аз 19 май ба ин сӯ парвозҳои онҳо ба замонҳои номуайяне ба таъхир гузошта мешавад.
Икром Субҳонзода, мудири Оҷонсии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон имрӯз ба назди ин издиҳоми мусофирони бандмонда баромада гуфт, ки ба иғво дода нашавед ва ба қадри тинҷии Тоҷикистон бирасед, мо чораҷӯйӣ карда истодаем. .
"Мақсад аз бебаррасӣ мондани парвози баъзе ширкатҳо як чиз аст: паст кардани арзиши чипта. Шумо бо ин розӣ ҳастед? Муҳтарам Пешвои миллати мо шабонарӯзӣ дар фикри шаҳрвандон аст. Мақсад ҳам ҳамин аст, ки ҳар як шаҳрванди мо бо нархи дастрас чипта харидорӣ кунад. Ба ҳамин розӣ ҳастед?",-гуфт Субҳонзода ба мусофирони ҷамъомада.
Ба гуфтаи Субҳонзода "дар асоси дастури Пешвои муаззами миллат, мо аз ширкатҳо дархост кардем, ки нарх на зиёда аз 450-500 доллар шавад, яъне 200-300-400 ва ҳадди ниҳоияш 500 доллар".
"Азия-Плюс" аз ин гуфтушуниди Икром Субҳонзода бо мусофирони бандмондаву норозии фурудгоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашри зинда дошт, ки видеои онро метавонед ин ҷо бибинед.
Ҳоло панҷ ширкати ҳавопаймоии Русия нархи чиптаро арзон кардаанд. Онҳо аллакай дар фурӯши озод монда, аллакай билет фурӯхта истодаанд. Тамоми ВАО хабар нашр карданд, ки арзиши чипта 5600, 5800 ва 6000 сомонӣ аз ҳама нархи баландаш аст. Мақсад ҳам ҳамин буд, ки ғамхорӣ ба худи мусофирон шавад,-гуфт Субҳонзода.
Мусофирон ба Субҳонзода гуфтанд, ки онҳо билетро бо 10,11 ва ҳатто 12 ҳазор сомонӣ харидаанд аз гӯшаву канори Тоҷикистон ба ин ҷо омодаанд, ки ба Русия бираванд. Дар душанбе хароҷоти онҳо рӯз то рӯз зиёд шудаасту, шабҳо болои бетонҳои фурудгоҳ хоб мераванд.
Субҳонзода далели боз доштани парвозҳои ширкати "Северний ветер"-ро ба он рабт дод, ки ин ширкат ба дархости Оҷонсӣ барои паст кардани арзиши билет, ҳамагӣ дирӯз мактуби ҷавобӣ фиристод. "Онҳо дина ризоят доданд, ки арзиши чиптаро аз ин ба баъд 500 доллар мекунанд. Ҳоло дархости ширкати мазкур дар баррасӣ аст, пас аз мувофиқа намудани тамоми талабот масъалаи парвози ин ширкат баррасӣ карда мешавад"-гуфт Субҳонзода.
Субҳонзода ба мусофирони таҷаммуъкарда гуфт, ки ба хонаҳояшон раванд, онҳо талош мекунанд, ки масъала мусбат ҳал шавад ва ба онҳо хабар дода мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.