Тоҷикистон аз ҷалби қарзи бонкҳои аврупоӣ барои идомаи сохтмони неругоҳи “Роғун” даст кашид

Ҳукумати Тоҷикитсон аз ҷалби қарзи бонкҳои аврупоӣ барои идомаи сохтмони неругоҳи барқи обии “Роғун” худдорӣ мекунад, хабар дод зимни нишасти матбуотии имрӯза вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода. Қобили зикр аст, ки қаблан дар бораи ҷалби қарзҳо аз бонкҳои аврупоии Credit Suisse (Швейтсария) ва Landesbank Baden-Wuerttemberg (Олмон) сухан мерафт. Ғайр аз ин, соли 2017 барои идомаи […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикитсон аз ҷалби қарзи бонкҳои аврупоӣ барои идомаи сохтмони неругоҳи барқи обии “Роғун” худдорӣ мекунад, хабар дод зимни нишасти матбуотии имрӯза вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода.

Қобили зикр аст, ки қаблан дар бораи ҷалби қарзҳо аз бонкҳои аврупоии Credit Suisse (Швейтсария) ва Landesbank Baden-Wuerttemberg (Олмон) сухан мерафт.

Ғайр аз ин, соли 2017 барои идомаи сохтмони неругоҳи “Роғун” тариқи ҷойгир кардани вомбаргҳо (облигатсияҳо)-и давлатӣ бо меъёри 7,1%-и солона ба маблағи 500 млн доллар қарзҳо ҷалб шуда буданд.

Вазир зикр кард, ки айни замон ҷиҳати ҷалби грант ва қарзҳои ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ ва баъзе дигар фондҳо бо шартҳои хуб гуфтушунидҳо ҷараён доранд.

Қаҳҳорзода таъкид дошт, ки тайи солҳои ахир муносибати мададрасонони молиявии имконпазир дар мавриди лоиҳаи неругоҳи “Роғун” тағйир ёфта, онҳо омодаанд, ки ба ин лоиҳа маблағгузорӣ кунанд.

Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, пешниҳоди кумаки техникии Бонки ҷаҳонӣ (15 млн доллар) ва Бонки осиёии сармоягузориҳои зерсохторӣ (5 млн доллар) маъқул дониста шуда, инчунин доир ба ҷалби қарзи имтиёзноки Бонки исломии рушд бо таркибҳои грант ба маблағи 150 млн доллар тавофуқҳои пешакӣ ҳосил шудааст.

Ӯ зикр кард, ки дар ҳоли ҳозир бо ҳамаи мададрасононе, ки барои амалисозии лоиҳаи неругоҳи “Роғун”  маблағгузории имтиёзнок бо шартҳои хубро пешниҳод карда метавонанд, гуфтушунидҳо гузаронида мешаванд.

Ҳамчунин ба гуфтаи вазири молия, барои сохтмони неругоҳи “Роғун” соли ҷорӣ аз маблағҳои буҷет 2,5 млрд сомонӣ ҷудо карда мешавад.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика, барои пурра амалисозии лоиҳаи НБО “Роғун” на камтар аз 5 млрд доллар маблағ лозим аст.

Охири моҳи декабр президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паём ба парлумон зикр кард, ки соли 2022 барои анҷоми корҳои сохтмон дар неругоҳи “Роғун” 3,2 млрд сомонӣ (ҳудуди 315 млн доллар) равона гардид.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.