Чаро дар минтақаи Кӯлоб 500 табиб намерасад?

Date:

Бо вуҷуди он, ки дар кишвар ҳамасола беш аз 2 ҳазор донишҷӯ муассисаҳои таълимии тиббиро хатм мекунанд, то ҳол норасоии мутахассисони соҳаи тиб мушоҳида мешавад. Махсусан, дар минтақаҳои кишвар, норасоии кормандони соҳаи тиб бараъло эҳсос мешавад.

Масалан, танҳо дар вилояти Хатлон наздики 900 нафар корманди соҳаи тиб намерасад. Ин маълумотест, ки Вазорати тандурустии кишвар нашр намудааст. Агар танҳо минтақаи Кӯлобро назар кунем, норасоии беш аз 500 корманди соҳаи тиб мушоҳида мешавад.

Бояд гуфт, ки солҳои охир коршиносон аз норасоии мутахассисони соҳаи тиб зиёд мегӯянд ва таъкид мекунанд, ки дар ин самт бояд ҳатман чораандешӣ карда шавад. Махсусан, дар минтақаҳои Тоҷикистон норасоии табибон ба таври рӯшан эҳсос мешавад ва аҳолии дурдасти манотиқи дур аз марказ, барои табобат ва ё ҳатто ташхис маҷбур мешаванд, ки ба маркази вилоят ва ё ҷумҳурӣ раванд. Зеро дар аксари навоҳии дурдасти кишвар табибони оилавӣ, анестизиолог-реаниматолог, педиатр ва анестизиологҳо намерасанд.

Сабаб чӣ аст, ки бо вуҷуди хатми беш аз 2 ҳазор донишҷӯи муассисаҳои таълимии тиббӣ, боз ҳам норасогии кадрӣ эҳсос мешавад?

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҷамолиддин Абдуллозода

Қаблан Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии кишвар норасоии табибон дар тамоми ҷумҳуриро тасдиқ карда, гуфта буд, ки сабаби асосии он муҳоҷирати табибон аст. Ба қавли вазири сабаби тарк кардани табибону ҳамшираҳои тиббиро пешниҳод шудани барномаҳои махсус ва имтиёзҳо аз ҷониби кишварҳои дигар, махсусан, ҳамсоя маънидод карда буд.

– Кишварҳои ҳамсоя барои ҷалби мутахассисони соҳаи тиббӣ барномаҳои махсус ва имтиёзҳо таҳия кардаанд. Аз ин рӯ, табибон барои ба даст овардани имтиёзҳо ба ин кишварҳо мераванд,- гуфта буд вазири тандурустӣ.

Ба гуфтаи вазир танҳо дар 6 моҳи соли 2022 дар умум 674 табиб ва 1 ҳазору 350 ҳамшираи шафқат Тоҷикистонро тарк карда, ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд.

Ин гуфтаи вазири тандурустиро Убайдулло Қурбон, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон низ дар нишасти хабарӣ тасдиқ намуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Убайдулло Қурбонов

Ӯ гуфт, ҳар сол Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва дигар донишгоҳҳои тиббии хориҷиро мутахассисони зиёд хатм мекунанд, вале сабаби норасоии табибон тарки Ватан карда, ба Русия барои кор рафтани аксари табибони пуртаҷриба мебошад.

“Барои ҳамин дар мо табибон намерасанд, аммо рӯзе мерасад, ки ин табибон боз ба Ватан бармегарданд ва ба кори худ идома медиҳанд”, – гуфт Убайдулло Қурбон.

Бояд гуфт, ки пас аз оғози раванди муҳоҷират ба Русия, табибони зиёди кишвар тарки пеша карда, ба ин давлат сафар карданд. Бо гирифтани шаҳрвандии Русия муқими ин кишвар гардида, фаъолияти худро дар ин самт идома дода истодаанд.

Ҳамчунин, яке аз омилҳои дигари тарки пеша кардани табибонро коршиносон ба камии маош марбут медонанд. Аксаран ба он боваранд, ки агар табибон дар ватан маоши хуб бигиранд, ҳеҷ гоҳ тарки пеша намекунанд.

Ёдовар мешавем, ки айни ҳол, тибқи иттилои расмӣ дар муассисаҳои тиббии Тоҷикистон 20797 табиб ва 60329 корманди миёнаи тиб  кор мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...