Тоҷикистон ба Британияи Кабир 383 ва ба Корея 58 муҳоҷир фиристодааст

Соли гузашта 383 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба Британияи Кабир фиристода шудаанд Соли гузашта 383 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба Британияи Кабир фиристода шудаанд. Дар ин бора Гулнора Ҳасанзода, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, имрӯз, 13-уми феврал дар нишасти матбуотӣ хабар дод. “Дар натиҷаи ду озмуне, ки моҳи март ва майи соли […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Соли гузашта 383 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба Британияи Кабир фиристода шудаанд

Соли гузашта 383 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба Британияи Кабир фиристода шудаанд. Дар ин бора Гулнора Ҳасанзода, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, имрӯз, 13-уми феврал дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

“Дар натиҷаи ду озмуне, ки моҳи март ва майи соли гузашта бо иштироки намояндагони ширкати “Про-форс” баргузор карда шуд муҳоҷирони меҳнатӣ дар Британияи Кабир ба кор таъмин гардиданд”, – гуфт Ҳасанзода.

Ӯ дар идома гуфт, ки муҳоҷироне, ки як маротиба ба ин кишвар рафта омаданд, то 6 моҳ ҳуқуқ надоранд дубора ба кор раванд. “Муҳоҷироне, ки рафта омаданд, аз маош ва шароити корӣ хеле қаноатманданд”- иброз дошт Вазири меҳнат ва муҳоҷират.

Ҳамчунин Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири меҳнат ва муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ гуфт, ки 58 нафар мутахассиси соҳаи кишоварзӣ моҳи августи соли 2022 ба Корея фиристода шуданд.

Бояд гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар Британия асосан ба корҳои мавсимӣ дар саҳроҳо ва гармхонаҳо машғул шуда, ҳосили буттамевагиҳо (клубника ва ғайра) ва дигар сабзавоту меваҳоро ҷамъоварӣ мекунанд.

Қаблан зикр гардида буд, ки арзиши сафар ба Британияи Кабир аз ҷониби худи хоҳишмандон пардохт шуда, барои ин ба онҳо аз 1 то 1,5 ҳазор доллар лозим аст. 

Муҳлати шартномаи меҳнатӣ ҳамагӣ 6 моҳро ташкил медиҳад ва пас аз ним соли кор муҳоҷири тоҷик бояд ба хонааш баргардад.

Ёдовар мешавем, ки Сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон чанде пеш хабар дода буд, ки ахиран ҳодисаҳои пешниҳодҳои қалбакии таъмин бо кор дар соҳаи кишоварзии ин кишвар зиёд шудааст.

Дар саҳифаи худ дар Facebook сафорат шаҳрвандонро огоҳ карда буд, ки ба ин гуна эълонҳои қалбакӣ бовар накунанд. Аз ҷумла, қалбакӣ будани даъватро метавон аз он фаҳмид, ки дар он дар бораи гирифтани раводид (виза) дар сафорат сухан меравад.

“Сафорати Британияи Кабир дар Душанбе раводид умуман намедиҳад.  Агар ба шумо гӯянд, ки шумо метавонед раводидро аз Сафорат гиред, он гоҳ ширкате, ки шумо бо он сарукор доред, ҳақиқӣ нест! Хоҳишмандон нахуст бояд ба Марказҳои машварат ва омодакунии муҳоҷирони кории Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ва сипас ба  маркази раводиди Британияи Кабир TLScontact муроҷиат намоянд, ки дар он барои раводид боҷи расмӣ пардохт мешавад”, – омада буд дар хабар.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.