“Амонатбонк” корхонаи воҳиди давлатӣ шуд

Дар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон номи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ба Корхонаи воҳиди давлатӣ (КВД)-и “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” иваз карда шуда, Шӯрои нозирони бонк таъсис ва ҳайати шӯрои нозирони он тасдиқ гардидааст. Дар ин бора Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон бо ишора ба ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон, ки имрӯз, 28-уми феварал баргузор гардид, […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Дар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон номи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ба Корхонаи воҳиди давлатӣ (КВД)-и “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” иваз карда шуда, Шӯрои нозирони бонк таъсис ва ҳайати шӯрои нозирони он тасдиқ гардидааст.

Дар ин бора Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон бо ишора ба ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон, ки имрӯз, 28-уми феварал баргузор гардид, хабар додааст.

Манбаъ менависад, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи шӯрои нозирони Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” бо ҷорӣ намудани асосҳои идоракунии корпоративӣ дар фаъолияти корхонаҳои давлатӣ ва ташкили шӯроҳои нозирон дар онҳо барои таъмини назорат ва шаффофияти фаъолияти молиявию хоҷагидории корхонаҳои воҳиди давлатӣ ва ғайра таҳия гардидааст.

“Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири бевоситаи худро дар раддабандии байналмилалии Тоҷикистон расонида, на танҳо вазъи ҷории молиявӣ, миқдори сармоя ва маблағи қарзӣ, балки фаъолияти ояндаи молиявии ташкилоти қарзиро фарогир мебошад”, – зикр шудааст дар ҷаласаи ҳукумати кишвар.

Ба таври содда, ин тағйирот шароитро барои назорат аз болои фаъолияти молиявию хочагидории бонк беҳтар намуда, шаффофияти онро таъмин мекунад.

Ёдовар мешавем, ки солҳост, баҳси таҷдиди сохтор ва хусусигардонии ягона бонки давлатии Тоҷикистон БДА ҶТ “Амонатбонк” идома дорад.

Қаблан, дар охири соли 2021 ниҳодҳои молии байналмилалӣ ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод карда буданд, ки дар заминаи “Амонатбонк” як ҷамъияти саҳҳомӣ таъсис дода шуда, пас аз ин саҳмияҳои назоратӣ ба бахши хусусӣ вогузор карда шавад.

Сироҷиддин Икромӣ, раиси БДА ҶТ “Амонатбонк” дар авоили соли гузашта дар шарҳи ин пешниҳод ба “Азия-Плюс” зикр карда буд, ки таҷдиди сохтор бо хусусигардонии минбаъдаи ин бонки тиҷоратӣ аз иродаи ҳукумати Тоҷикистон бастагӣ дорад.

БДА ҶТ “Амонатбонк” соли 1998 мақоми давлатиро гирифт ва бонки амонатгузории давлатӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Ин бонк пас аз муфлис шудани “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” яке аз калонтарин бонкҳои низомсози Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.