Михаил Мишустин зодрӯзашро дар Душанбе ҷашн мегирад

Сарвазирони кишварҳои узви ИДМ ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) тобистон дар ҳамоишҳои Сочи гирдиҳам меоянд, хабар дод сарвазири Русия Михаил Мишустин рӯзи панҷшанбе зимни суханронӣ дар конфронси Душанбе, хабар медиҳад ТАСС. “Аввали моҳи июн шуморо дар Сочи интизор мешавем. Дар он ҷо ҷаласаи Шӯрои сарвазирони кишварҳои узви ИДМ, Шӯрои байниҳукуматии АвруОсиё, намоишгоҳи байнулмилалии лоиҳаҳои ҳамкорӣ, […]

Asia-Plus

Сарвазирони кишварҳои узви ИДМ ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) тобистон дар ҳамоишҳои Сочи гирдиҳам меоянд, хабар дод сарвазири Русия Михаил Мишустин рӯзи панҷшанбе зимни суханронӣ дар конфронси Душанбе, хабар медиҳад ТАСС.

“Аввали моҳи июн шуморо дар Сочи интизор мешавем. Дар он ҷо ҷаласаи Шӯрои сарвазирони кишварҳои узви ИДМ, Шӯрои байниҳукуматии АвруОсиё, намоишгоҳи байнулмилалии лоиҳаҳои ҳамкорӣ, Конгресси АвруОсиё ва ҳамоиши ҷавонони ИДМ ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баргузор мешавад”, – муроҷиат намуд ӯ ба намояндагони ҳукумат ва тиҷорати Тоҷикистон.

Сарвазири Русия бар ин назар аст, ки ин имкони хуби табодули таҷрибаву изҳори назар доир ба дарёфти роҳу воситаҳои рушди кишварҳои ИДМ ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар шароити муосир мебошад.

Ҳамчунин сарвазири Русия аз намояндагони ҳукумат ва доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон даъват кард, ки ба Русия оянд. 

“Бо истифода аз фурсати қулай раҳбарияти Тоҷикистон ва намояндагони доираҳои тиҷоратиро ба Русия даъват мекунам. Дар кишвари мо баргузории як қатор чорабиниҳои бузурги байнулмилалӣ ба нақша гирифта шудааст, ки барои шумо муфид хоҳад буд”, – гуфтааст Мишустин.

Ӯ илова намудааст, ки моҳи май дар Қазон таҳти унвони “Русия – ҷаҳон ислом” ҳамоиш доир мегардад, ки ба “густариши робитаҳо дар соҳаҳои сармоягузорӣ, соҳибкорӣ ва индустрияи технологияҳои баланд” мусоидат мекунад.

Михаил Мишустин рӯзи 2 март дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт. Сафари ӯ ба Тоҷикистон имрӯз идома меёбад.

Қобили зикр аст, ки зодрӯзи имсолаи сарвазири Русия ба рӯзҳои сафараш ба Тоҷикистон рост омада, имрӯз ӯ 57-сола мешавад, менависад ТАСС. Ин ҷашнро ӯ имрӯз дар ҷумҳурии мо таҷлил мекунад.

Ин бори аввал нест, ки Мишустин зодрӯзашро дар ҷойи корӣ ҷашн мегирад. Ду сол пеш дар ин рӯз ӯ дар сафари хидматӣ дар Сибир қарор дошт. Ҷашни 55-солагиашро рӯзи 3 март дар Ҷумҳурии Олтой таҷлил карда буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.