Президенти Тоҷикистон ва сарвазири Русия масоили шарикии стратегиро баррасӣ карданд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми рӯзи 2 март раиси ҳукумати Русия Михаил Мишустинро, ки ба шаҳри Душанбе ташриф овард, ба ҳузур пазируфт. Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар оғози мулоқот Эмомалӣ Раҳмон муҳимияти идомаи муколамаи пайвастаи сатҳи олӣ ва баланди байнидавлатиро таъкид намуд. Гуфта мешавад, зимни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми рӯзи 2 март раиси ҳукумати Русия Михаил Мишустинро, ки ба шаҳри Душанбе ташриф овард, ба ҳузур пазируфт.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар оғози мулоқот Эмомалӣ Раҳмон муҳимияти идомаи муколамаи пайвастаи сатҳи олӣ ва баланди байнидавлатиро таъкид намуд.

Гуфта мешавад, зимни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонии Тоҷикистону Русияро мавриди баррасӣ қарор доданд.

“Аз ҷараёни мусбати равобити ду кишвар дар бисёр соҳаҳои ҳамкорӣ, бахусус дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва ҳамкории зичи ҷонибҳо дар бахши амният изҳори қаноатмандӣ карда шуд”, – зикр мешавад дар хабари хадамоти матбуоти сарвари давлат.

Таъкид мешавад, ки Русия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ монда, дар сохтори гардиши савдои хориҷии кишвари мо мавқеи пешсафро ишғол мекунад.

“Дар соли гузашта гардиши мол миёни ду кишвар 23,7 дарсад афзоиш ёфта, 1 млрд 674 млн долларро ташкил дод”, – омадааст дар хабар.

Дар ин замина, дар бораи имконоти бузурги ҳарду кишвар ҷиҳати афзоиши тиҷорати мутақобила ва якҷоя амалӣ намудани лоиҳаҳои бузурги сармоягузории барои ҷонибҳо судманд, андешаронӣ сурат гирифт.

Президенти Тоҷикистон ба сатҳи ҳамкориҳои дар соҳаи гуманитарӣ бадастомада баҳои баланд дод.

Ҳамзамон бо ин ба густариши минбаъдаи робитаҳои амалӣ дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва тандурустӣ изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Дар рафти суҳбат ҳамчунин доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.