“Тоҷикистон ҳама ӯҳдадориҳои худро анҷом дод”. Эрон соли 2023 узви комилҳуқуқи Шанхай мешавад?

Тоҷикистон барои узви комилҳуқуқи Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) шудани Эрон ҳама ӯҳдадориҳои худро анҷом додааст ва интизор меравад, соли 2023 ин кишвар шомили СҲШ шавад. Дар ин бора Аҳмад Саидмуродзода, иҷрокунандаи вазифаи ҳамоҳангсози миллии Тоҷикистон дар СҲШ ба хабаргузории эронии “Форс-Нюз” иттилоъ додааст. Ба гуфтаи манбаъ, ҷониби Тоҷикистон дар бораи анҷоми расмиёти дохилии марбут ба […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Тоҷикистон барои узви комилҳуқуқи Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) шудани Эрон ҳама ӯҳдадориҳои худро анҷом додааст ва интизор меравад, соли 2023 ин кишвар шомили СҲШ шавад. Дар ин бора Аҳмад Саидмуродзода, иҷрокунандаи вазифаи ҳамоҳангсози миллии Тоҷикистон дар СҲШ ба хабаргузории эронии “Форс-Нюз” иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, ҷониби Тоҷикистон дар бораи анҷоми расмиёти дохилии марбут ба эътибор пайдо кардани ёддошти тааҳҳудоти кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай иттилоъ додааст.

“Дар ёддошти тааҳҳудоти Тоҷикистон Ҷумҳурии Исломии Эрон ба гирифтани мақоми узвияти комил дар ин созмон пешниҳод шудааст. Ба ин тартиб, ҷониби Тоҷикистон ӯҳдадориҳои худро дар роҳи вуруди Эрон ба ин созмон ба унвони узви комилҳуқуқ иҷро кард”, – афзудааст Саидмуродзода.

Ба гуфтаи ин мақомдори тоҷик, интизор меравад дар аввали моҳи июли соли равон дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Ҳиндустон дар мавриди анҷоми раванди қабули Эрон тасмим гирифта шавад ва Эрон узви комилҳуқуқи ин созмон гардад.

Аҳмад Саидмуродзода гуфтааст, Тоҷикистон ташаббускори дархости Эрон дар СҲШ буд ва ин масъала аз авлавиятҳои раёсати Тоҷикистон дар ин созмон дар давоми солҳои 2020-2021 маҳсуб меёфт.

Гуфта мешавад, дар ҷаласаи ин созмон, ки 17 сентябри соли 2021 дар Душанбе баргузор шуд, тасмими Шӯрои сарони кишварҳои узв дар бораи оғози раванди пазируфтани Эрон ба узвияти СҲШ гирифта шуд.

Ёдовар мешавем, ки Созмони ҳамкориҳои Шанхай 15-уми июни соли 2001 таъсис ёфта, ба он Тоҷикистон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон, Ӯзбекистон ва Русия шомиланд. Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон мақоми нозирро дошта, Арманистон, Озарбойҷон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шриланка кишварҳои шарик мебошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.