Сафири Тоҷикистон дар Русия ба вакили дифои Ҳувайдо Тиллозода сипоснома дод

Пас аз панҷ соли мурофиаҳои додгоҳӣ ва барои 24 сол равонаи зиндон шудани Александр Сёмин, қотили Ҳувайдо Тиллозода, духтараки 5-солаи тоҷик сафири Тоҷикистон дар Русия ба Шавкат Умаров, вакили дифоъ, барои бомуваффақият гузаронидани мурофиаи додгоҳӣ ва ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон сипоснома супорид. Дар ин бора сафорати Тоҷикистон дар саҳифаи фейсбуки худ иттилоъ додааст. Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, […]

Манзумаи Фирӯз, Asia-Plus

Пас аз панҷ соли мурофиаҳои додгоҳӣ ва барои 24 сол равонаи зиндон шудани Александр Сёмин, қотили Ҳувайдо Тиллозода, духтараки 5-солаи тоҷик сафири Тоҷикистон дар Русия ба Шавкат Умаров, вакили дифоъ, барои бомуваффақият гузаронидани мурофиаи додгоҳӣ ва ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон сипоснома супорид.

Дар ин бора сафорати Тоҷикистон дар саҳифаи фейсбуки худ иттилоъ додааст.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, сафири Тоҷикистон дар Русия 15-уми март, рӯзе, ки додгоҳи Маскав Александр Сёмин, шаҳрванди Русияро барои таҷовуз ва қатли Ҳувайдо Тиллозода гунаҳкор донист ва барои 24 сол равонаи зиндон кард, Шавкат Умаров, вакили дифо ва Абдусалом Саидов, падари духтараки кушташудаи тоҷикро ба сафорат даъват карда, бо онҳо мулоқот намуд ва ба вакили дифоъ “барои бомуваффақият гузаронидани мурофиаи додгоҳӣ ва ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон” сипоснома супорид.

Дар ин мулоқот, ҳамчунин натиҷаи мурофиаи додгоҳӣ баррасӣ гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки Ҳувайдо Тиллозода, духтараки 5-солаи тоҷик рӯзи 22-юми июли соли 2018 аз майдончаи назди хонаашон дар шаҳри Серпуховои Русия нопадид шуд ва як рӯз пас ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ пайдо карданд.

Дар ин ҳодиса Александр Сёмин муттаҳам шуд, ки дар ҳамсоягии онҳо мезист. Ташхиси судиву тиббӣ нишон дод, ки нахуст ба номуси ӯ таҷовуз шуда, сипас духтарча бо корд кушта шудааст.

Мурофиаи додгоҳии Александр Сёмин панҷ сол идома кард. Дар ин муддат пайвандони гумонбар ба таҷовуз ва куштор бо ҳар роҳ талош карданд ӯро аз ҷавобгарӣ озод кунанд. Аз ҷумла, талошҳое барои бермори руҳӣ нишон додани Александр Сёмин низ сурат гирифт. Додгоҳ низ бо ҳар баҳона мурофиаи додгоҳиро ба вақти дигар мегузошт.

Ҷомеаи Тоҷикистон ба таҷовуз ва куштори духтараки 5-сола вокуниши шадид кард ва мақомоти давлатӣ бо ирсоли нота аз мақомоти Русия талаб карданд, ки гунаҳкор ҷазои сазовор дода шавад.

Ҳамин тавр, пас аз 5 соли баррасии додгоҳӣ, ниҳоят 15-уми марти соли ҷорӣ додгоҳи вилояти Москва Александр Сёминро  дар содир намудани ҷинояти вазнин – таҷовуз ва куштори бераҳмонаи шаҳрванди ноболиғи Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор донист ва барои 24 сол равонаи зиндон кард.

Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдулло Тиллозода пас аз эълони ҳукми додгоҳ ба “Азия-Плюс” гуфт,  “Панҷ сол ин рӯзро интизор будем. Акнун рӯҳи духтарам шод аст”.

Нигина Тиллозода, модари Ҳувайдо, ки дар Тоҷикистон аст, гуфт, ки “дуояшро Худо шунид ва руҳи фарзандаш акнун ором аст”.

“Фаришати ман имрӯз ором гашт. Панҷ сол руҳану ҷисман шикастем, вале боз хестему даъво кардем”, – илова кард Нигина Тиллозода.

Ҳамчунин, Абдусалом Саидов иброз дошт, ки тасмим дорад, аз болои ҳукми содирнамудаи Додгоҳи вилояти Маскав шикоят барад ва “барои қотил ҳабси якумра” талаб кунад.

“Баъди машварат бо вакили дифоъ тасмим гирифтам, ки дар кутоҳтарин муддат аз болои ин ҳукм шикоят намоям”, – гуфт Абдусалом Саидов.

Ҳодисаи таҷовузу қатли Ҳувайдои 5-сола яке аз ҳодисаҳои пурсарусадо дар Тоҷикистон ва расонаҳову шабакаҳои иҷтимоӣ буд, аммо ба далоили хурду реза кашол ёфтани он нигарониҳо дар мавриди таъмини адолатро ба бор оварда буд. Ҳоло наздикони духтараки кушташуда аз он нигаронанд, ки қотил шояд пас аз чанд сол бо баҳонае ба озодӣ мебарояд ва барои кирдори худ ҷазои сазовор намегирад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.