Мирзиёев аз шаҳрвандони Туркия даъват кард, ки ба Эрдуғон овоз диҳанд

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз шаҳрвандони Туркия даъват кард, ки дар интихоботи президентии қарибулвуқӯ ба раисҷумҳурии кунунии Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон овоз диҳанд. “Аз номи ҳамаи мардумони бародар аз мардуми турк даъват мекунам, ки аз номзадии муҳтарам Раҷаб Эрдуғон дар интихоботи пешорӯ ҳимоят кунанд”, – гуфт Шавкат Мирзиёев. Ӯ барои иштирок дар саммити ғайринавбатии Созмони […]

Asia-Plus

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз шаҳрвандони Туркия даъват кард, ки дар интихоботи президентии қарибулвуқӯ ба раисҷумҳурии кунунии Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон овоз диҳанд.

“Аз номи ҳамаи мардумони бародар аз мардуми турк даъват мекунам, ки аз номзадии муҳтарам Раҷаб Эрдуғон дар интихоботи пешорӯ ҳимоят кунанд”, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Ӯ барои иштирок дар саммити ғайринавбатии Созмони давлатҳои туркӣ, ки 16-уми март баргузор гардид, ба Туркия сафар кард.

Сарфи назар аз он ки саммит дар Анкара ба мавзуи офатҳои табиӣ ва кӯмакҳои башардӯстона бахшида шуда буд, бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, ин чорабинӣ асосан барои ҳимоят аз Эрдуғон ташкил шудааст. Онҳо бовар доранд, ки поёнравии қурби пули туркӣ дар солҳои охир ва оқибати заминларзаи харобиовари моҳи феврали соли ҷорӣ ба нуфузи Эрдуғон зарба задааст.

Дар Туркия интихоботи навбатии президентӣ 14 май баргузор мешавад ва дар он намояндаи эътилофи мухолифини ин кишвар Камол Киличдароғлу рақиби асосии Эрдуғон муаррифӣ мегардад.

Бояд гуфт, ки ин даъвати Шавкат Мирзиёев ҳар дар арафаи баргузории чорабинии муҳими сиёсӣ – раъйпурсӣ барои Конститутсияи нав садо медиҳад.

Дар сурати қабули Конститутсияи нав, муҳлати қаблии президентии Шавкат Мирзиёев бекор гардида, ӯ ҳуқуқ пайдо мекунад, ки боз барои ду давраи 7-сола президент интихоб гардад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.