Ҳукумати Тоҷикистон омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони ояндаро баррасӣ кард

Имрӯз, 28 март таҳти раёсати сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода маҷлиси навбатии Ҳукумати Тоҷикистон баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ”Ховар”. Дар маҷлиси ҳукумати мамлакат нахуст вобаста ба масъалаи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 ҳисоботи вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода шунида шуд. […]

Asia-Plus

Имрӯз, 28 март таҳти раёсати сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода маҷлиси навбатии Ҳукумати Тоҷикистон баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ”Ховар”.

Дар маҷлиси ҳукумати мамлакат нахуст вобаста ба масъалаи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 ҳисоботи вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода шунида шуд.

Таъкид гардид, ки бо мақсади таъмини иҷрои босифат ва саривақтии қарори ҳукумат “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024” ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуда, нақша-чорабиниҳо таҳия гардидааст.

Роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ вазифадор карда шуданд, ки то фарорасии мавсими сармо ҷараёни омодасозии иншооти таъйиноти энергетикӣ, саноатӣ, иҷтимоӣ ва захирасозии сӯзишворию маводи зиддилағзишро барои таъмини бемушкилии барқу гармӣ ва фаъолияти муназами соҳаи роҳу нақлиёти мамлакат дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 вусъат бахшанд.

Аз ҷониби аъзои ҳукумат ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2023 ва ҷудо намудани ҳиссаи (квотаи) истифодабарии объектҳои олами ҳайвоноти ёбоии ба Китоби сурхи Тоҷикистон шомилшуда дар солҳои 2023-2024 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Лоиҳаи як қатор қонунҳо ва хулосаҳои ҳукумати ҶТ ба онҳо, аз ҷумла лоиҳаи Қонунҳои ҶТ «Дар бораи назорати маъмурӣ нисбат ба шахсони аз муассисаҳои ислоҳӣ озодшуда», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи таҳсилоти калонсолон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» ва лоиҳаи Кодекси фазои ҳавоии ҶТ барои муҳокима ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба лоиҳаи Созишномаи байни ҳукумати ҶТ ва ҳукумати Ҷумҳурии Корея оид ба маблағҳои қарзии Фонди рушди ҳамкории иқтисодӣ, лоиҳаи ёддоштҳои табодулӣ байни ҳукумати ҶТ ва ҳукумати Ҷопон дар доираи Барномаи волонтёрони Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ баррасӣ шуд.

Дар маҷлис Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027, Барномаи давлатии рушд ва таҳкими заминаи илмию таҷрибавии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 қабул карда шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.