Аз Саида Мирзиёева хостанд хатоҳои Гулнора Каримоваро такрор накунад

Саида Мирзиёева, духтари Шавкат Мирзиёев, президенти кунунии Ӯзбекистон рӯзи 23 март дар Конфронси СММ бахшида ба захираҳо дар шаҳри Ню-Йорки ИМА суханронӣ кард. Бино ба иттилои расмӣ, Саида Мирзиёева аз номи Ӯзбекистон баромад ва масоили муҳими баҳри Аралро баррасӣ кардааст. Баъди суханронӣ дар СММ, Саида Мирзиёева бо нашри аксу наворҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, ки […]

centralasian.org

Саида Мирзиёева, духтари Шавкат Мирзиёев, президенти кунунии Ӯзбекистон рӯзи 23 март дар Конфронси СММ бахшида ба захираҳо дар шаҳри Ню-Йорки ИМА суханронӣ кард.

Бино ба иттилои расмӣ, Саида Мирзиёева аз номи Ӯзбекистон баромад ва масоили муҳими баҳри Аралро баррасӣ кардааст. Баъди суханронӣ дар СММ, Саида Мирзиёева бо нашри аксу наворҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, ки дар Кохи сафед ва Департаменти давлатии ИМА гуфтугӯ анҷом додааст.

Расонаҳои маҳаллӣ ва гуруҳе аз блогерон суханронии духтари президентро аз минбари СММ “рӯйдоди таърихӣ” унвон карданд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчунин ин суол чарх мезанад, ки Саида Мирзиёева, роҳбари шуъбаи дастгоҳи президент, оё ҳақ дорад кишварро дар СММ муаррифӣ кунад?

“Вай ба ҳайси кӣ суханронӣ кард? Ба ҳайси духтари президент?”, – навиштааст дар шабакаҳои иҷтимоӣ Фарида Шариф, як корбари ӯзбекистонӣ.

Баъди сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев духтари калонии вай Саида Мирзиёева дар мазҳари ом зиёд пайдо мешавад ва худро ҳомии фарҳангу санъат ва озодии баён муаррифӣ мекунад. Саида Мирзиёева дар чорабиниҳои расмӣ ҳозир мешавад, суханронӣ мекунад ва ба дохилу хориҷи Ӯзбекистон сафарҳои расмӣ анҷом медиҳад. Нуфузи рӯзафзуни Мирзиёева боис шудааст, ки ӯро бо Гулнора Каримова – духтари Ислом Каримов, президенти пешини Ӯзбекистон, ҳоло дар ҳабс аст, муқоиса кунанд.

“Хешовандгароӣ дар ҳаракат аст. Барои суханронӣ дар СММ на ягон мутахассис ё касеро, ки тамоми умр ба наҷоти Арал машғул аст, балки духтари президентро фиристодаанд. Зоҳиран, шахсияту ӯро барҷаста месозанд, то ин ки ба мансабҳои баландтари давлатӣ таъйин намоянд. Аз дунболи Гулнора Каримова қадам мемонад?”, – навиштааст Алишер Илҳомов, корбари шабакаи иҷтимоии фейсбук.

Корбарони бештари ӯзбекистонӣ навиштаанд, ки “таърих такрор мешавад” ва аз Саида Мирзиёева даъват кардаанд, “аз иштибоҳҳои Гулнора сабақ гирад”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.