Футболбозони тоҷик аз дастаи Кувейт шикаст хӯрданд

Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар бозии дӯстона аз дастаи Кувейт шикаст хӯрда, силсилаи бозиҳои бидуни бохташ, ки иборат аз 7 вохӯрӣ буд, ба охир расид. Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, бозии дӯстона байни дастаҳои Тоҷикистон ва Кувейт рӯзи 28 март дар Варзишгоҳи байнулмилалии Ҷабер Ал-Аҳмад дар Ал-Кувейт доир гардида, бо ғалабаи соҳибони майдон […]

Asia-Plus

Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар бозии дӯстона аз дастаи Кувейт шикаст хӯрда, силсилаи бозиҳои бидуни бохташ, ки иборат аз 7 вохӯрӣ буд, ба охир расид.

Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, бозии дӯстона байни дастаҳои Тоҷикистон ва Кувейт рӯзи 28 март дар Варзишгоҳи байнулмилалии Ҷабер Ал-Аҳмад дар Ал-Кувейт доир гардида, бо ғалабаи соҳибони майдон бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфт.

Дар ҳайати дастаи миллии Тоҷикистон ба нимҳимоятгар Алишер Ҷалилов муяссар шуд, ки ягона тӯбро ба дарвозаи ҳарифон ворид созад.

Бозии дӯстонаи тими миллии мо дар рӯзҳои моҳи марти ФИФА баргузор шуд. Вохӯрии аввал рӯзи 25 март байни футболбозони тоҷик дар Абу-Даби бо тими Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) мусовӣ – 0:0 ба поён расид.

Дар марҳилаи минбаъда мунтахаби футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармурабии хорватӣ Петр Сегрт моҳи май ҷамъ омада, омодагиро ба аввалин дар таърих мусобиқаи Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2023 оғоз мекунад. Баргузории Чемпионати CAFA-2023 рӯзҳои аз 9 то 20 июн ба нақша гирифта шудааст.

Қобили зикр аст, ки ин вохӯрии 11-уми мунтахаби футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт аст. Дар 10 вохӯрӣ тими мунтахаби ҷумҳурӣ дар 5 бозӣ дастболо шуда, 3 бозиро мусовӣ анҷом дод ва дар 3 вохӯрӣ ба шикаст дучор шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.