“Ҳадаф – интиқоли консулгарӣ”. Расонаҳои Афғонистон баъзе ҷузъиёти сафари Толибон ба Хоруғро ифшо карданд

Рӯзномаи афғонистонии “8-и субҳ” бо такя ба манобеи худ баъзе ҷузъиёти сафари намояндагони Толибон* ба Тоҷикистонро ифшо кардааст. Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ҷузъиёти ин сафарро шарҳ надодаанд. Ба гуфтаи манобеи “8-и субҳ”, ҳафтаи гузашта ҳайати Толибон таҳти раҳбарии Муҳаммад Мӯсо, раиси умури молии вазорати хориҷаи Афғонистон, бо раводиди тиҷоратӣ аввал ба Душанбе ва пас аз […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Рӯзномаи афғонистонии “8-и субҳ” бо такя ба манобеи худ баъзе ҷузъиёти сафари намояндагони Толибон* ба Тоҷикистонро ифшо кардааст. Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ҷузъиёти ин сафарро шарҳ надодаанд.

Ба гуфтаи манобеи “8-и субҳ”, ҳафтаи гузашта ҳайати Толибон таҳти раҳбарии Муҳаммад Мӯсо, раиси умури молии вазорати хориҷаи Афғонистон, бо раводиди тиҷоратӣ аввал ба Душанбе ва пас аз он, ба Бадахшони Тоҷикистон сафар кардаанд.

Маълум нест, ки ҳамроҳи Муҳаммад Мӯсо чанд нафар намояндагони Толибон ба Тоҷикистон омадаанд, вале гуфта мешавад, ки “ҳайати Толибон барои гуфтугӯ бо мақомоти Тоҷикистон ба ин кишвар сафар кардааст” ва ҳадафи асли интиқоли консулгарӣ ба дасти намояндаи Толибон будааст.

“Ҳадафи сафари ҳайати Толибон ба Тоҷикистон музокирот дар бораи интиқоли Консулгарии Афғонистон дар Хоруғ буд. Ҳоло муайян нест, ки ду тараф дар мавриди интиқоли консулгарӣ ба тавофуқи муқаддамотӣ расидаанд ё на”, – навиштааст рӯзнома.

Таъкид мешавад, ки теъдоде аз дипломатҳои собиқи Афғонистон барои ин сафари намояндаи Толибон ба Тоҷикистон замина фароҳам овардаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон то ба ҳол сафари намояндагони Толибон ба Тоҷикистонро шарҳ надодааст. Масъули Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни суҳбати телефонӣ бо “Asia-Plus” ҳозир нашуд, ки ин хабарро шарҳ диҳад.

Як масъули Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон дар тамоси телефонӣ бо мо омадани намояндагони Толибон ба Душанберо қотеона рад кард, вале гуфт, ки “сафари Толибон ба Бадахшон масъалаи дигар аст”.

“Дар Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ва Консулгарии Афғонистон дар Хоруғ ягон тағйроте нест. Сафорат ва консулгарӣ бо ҳамон кормандони пешинаашон кор карда истодаанд. Интиқоле ҳам сурат нагирифтааст”, – афзуд ин масъули сафорат.

Ёдовар мешавем, ки аввалин бор Қаҳҳор Балхӣ, сухангӯи сарпарасти Вазорати корҳои хориҷаи Афғонистон рӯзи 25-уми март дар Твиттери худ навишт, ки як ҳайати Толибон аз консулгарии Афғонистон дар шаҳри Хоруғи Тоҷикистон дидан кардаанд.

“Ин ҳайат зимни арзёбии умури консулгарӣ, таъмири онро низ аз наздик дид ва арзёбии хешро ҷиҳати бозсозии он бо мақомҳои Вазорати умури хориҷӣ шарик намуд. Таъмири консулгарии Афғонистон дар Хоруғ дар натиҷаи барфкӯчи охир осеб дидааст”, – навишт ин масъули Толибон.

Тоҷикистон бо Толибон робитаи дипломатӣ надорад ва роҳбарияти Тоҷикистон аз сиёсатҳои ин гурӯҳ оид ба ташкили ҳукумат ва риояи нагардидани ҳуқуқи инсон интиқод мекунад. Аз ин лиҳоз, маълум нест, ки ин ҳайати Толибон аз чӣ тариқ вориди Тоҷикистон шудаанд ва ба шаҳри Хоруғ рафтаанд.

Ёдовар мешавем, ки Толибон дар аксар кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон гуруҳи террористӣ эътироф шудааст. Ин гуруҳ моҳи августи соли 2021, пас аз 20 соли ҷанг бо нерӯҳои НАТО вориди Кобул шуда, қудратро дар Афғонистон ғасб кард.

Ҳамакнун, беш аз якуним сол мешавад, ки ин гуруҳ дар Афғонистон давлатдорӣ мекунанд, вале то кунан аз сӯйи ҳеҷ кишваре ҳукумати таъсиснамудаи онҳо ба расмият шинохта нашудааст.

Бо ин вуҷуд, баъзе аз давлатҳо, аз ҷумла Русия, Чин, Эрон ва АМА тайи моҳҳои охир ихтиёри сафорати Афғонистонро ба намояндагони Толибон доданд. Баъзе аз давлатҳои дигар бошад, бо ин гуруҳ равобит барқарор карда, вориди гуфтугӯ низ шудаанд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Шикоят аз шиканҷа, фавт дар зиндон ва савдои одамон. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Женева чӣ гуфтанд?

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон...

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.