Сардор Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон меояд

Интизор меравад, раисиҷумҳури Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов бо як сафари расмӣ ба Тоҷикистон сафар кунад. Сафари мазкур рӯзҳои 10-11 апрел дар назар аст. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, Бердимуҳаммадов дар чаҳорчӯби сафараш бо мақомоти давлатӣ чанд дидорҳои дуҷониба анҷом дода, дурнамои ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои мухталифро […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Интизор меравад, раисиҷумҳури Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов бо як сафари расмӣ ба Тоҷикистон сафар кунад. Сафари мазкур рӯзҳои 10-11 апрел дар назар аст. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, Бердимуҳаммадов дар чаҳорчӯби сафараш бо мақомоти давлатӣ чанд дидорҳои дуҷониба анҷом дода, дурнамои ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои мухталифро баррасӣ хоҳад кард.

Ҷузъиёти дигари ин сафар гуфта нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки дар остонаи сафари раисиҷумҳури Туркманистон, дар Душанбе нахустин ҷаласаи Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистону Туркманистон ва ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони ду кишвар баргузор мешавад.

Санаи баргузории ин чорабиниҳо 8-9 апрел пешбинӣ шудааст.

Барои ширкат дар ин чорабинӣ як ҳайати 100 нафара аз Туркманистон вориди Душанбе хоҳанд шуд, ки ҳудуди 70 нафари онҳоро соҳибкорон аз манотиқи мухталифи ин кишвар гуфта мешаванд.

Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш беш аз 200 нафар соҳибкорони ватанӣ намояндагӣ мекунанд.

“Дар доираи ҷаласаи Шӯрои соҳибкорон дурнамои ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи соҳибкорӣ, ҷустуҷӯи шарикони нав, тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои иқтисодию тиҷорӣ ва робитаҳои соҳибкорону сармоягузорони ду кишвар баррасӣ мешавад”,— хабар медиҳад Палатаи савдо ва саноат.

Намоишгоҳи молҳои содиротии ду кишвар низ дар назар аст.

Гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Туркманистон дар моҳҳои аввали соли ҷорӣ ҳудуди 11,8 миллион долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,9 дарсад бештар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.