Дар Хоруғ дурбинҳои “Шаҳри бехатар” насб карда шуд

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар ВМКБ ҳафтаи охир бо кумаки ин дурбинҳо ҳафт ҳолати вайрон намудани қойдаи роҳ аз ҷониби ронандагон ошкор шудааст. Раёсати ВКД дар ВМКБ дар саҳифаи фейсбукаш навишт, ки дар шаҳри Хоруғ дурбинҳои “Шаҳри бехатар” насб гардида, ин онҳо  “ҷиҳати таъмини тартиботу оромӣ ва бехатарии ҷамъиятӣ, ошкору муайян ва бартарафсозии қоидавайронкуниву […]

Манзумаи Фирӯз, Asia-Plus

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар ВМКБ ҳафтаи охир бо кумаки ин дурбинҳо ҳафт ҳолати вайрон намудани қойдаи роҳ аз ҷониби ронандагон ошкор шудааст.

Раёсати ВКД дар ВМКБ дар саҳифаи фейсбукаш навишт, ки дар шаҳри Хоруғ дурбинҳои “Шаҳри бехатар” насб гардида, ин онҳо  “ҷиҳати таъмини тартиботу оромӣ ва бехатарии ҷамъиятӣ, ошкору муайян ва бартарафсозии қоидавайронкуниву ҷинояткорӣ ба таври шабонарузӣ фаъолият мебаранд”.

Ба гуфтаи  манбаъ, навбатдорони маркази “Шаҳри бехатар” бо мушоҳидаи кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, аз ҷумла вайронкунии қоидаҳои ҳаракати роҳ аз ҷониби ронандагон, дарҳол ба масъулини БДА дар тамос шуда, оид ба ҳолати мазкур гузориш медиҳанд. Аз рӯи далели қоидавайронкунӣ аз ҷониби нозирони роҳи шӯъбаи БДА ронандагон боздошт ва дар асоси навор ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карда мешаванд.

Давоми як ҳафтаи охир, тавассути ин низом ҳафт нафар ронанда, ки қоидаи роҳро вайрон намуданд, муайян ва ҷарима шудаанд.

Дар хусуси санаи фаъолгардии низоми “Шаҳри бехатар”-и дар Хоруғ чизе гуфта нашудааст.

Хотиррасон мекунем, ки дар шаҳри Душанбе низоми “Шаҳри бехатар” 31-уми октябри соли 2013 фаъол гардида, ба назорати ҳаракати нақлиёт ва ҳар гуна қоидавайронкуниву қонуншиканӣ машғул аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.