Ҷудокорони тоҷик ба “Grand Slam”-и Анталия мераванд

Пагоҳ, 31 март мусобиқаи “Grand Slam” (Тоскулоҳи Бузург) оид ба ҷудо дар Анталия (Туркия) оғоз мегардад, ки то 2 апрел давом мекунад. Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байнулмилалии ҷудо, дар мусобиқа 617 варзишгар – 357 мард ва 260 зан аз 85 кишвар иштирок мекунанд. Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 5 варзиiшгарро ба Туркия мефиристад: Муҳаммадсолеҳ Қувватов (то […]

Пагоҳ, 31 март мусобиқаи “Grand Slam” (Тоскулоҳи Бузург) оид ба ҷудо дар Анталия (Туркия) оғоз мегардад, ки то 2 апрел давом мекунад.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байнулмилалии ҷудо, дар мусобиқа 617 варзишгар – 357 мард ва 260 зан аз 85 кишвар иштирок мекунанд.

Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 5 варзиiшгарро ба Туркия мефиристад: Муҳаммадсолеҳ Қувватов (то 60 кг), Обид Ҷебов (то 66 кг), Беҳрӯз Хоҷазода (то 73 кг), Шодмон Ризоев (то 81 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (то 90 кг).

Ин мусобиқа маъмулан дар 7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон баргузор мешавад.

Дар рӯзи аввали мусобиқа, 31 март Муҳаммадсолеҳ Қувватов ва Обид Ҷебов, рӯзи 1 апрел – Беҳрӯз Хоҷазода ва Шодмон Ризоев, 2 апрел – Ҷаҳонгир Маҷидов қувваозмоиро оғоз мекунанд.

Маблағи мукофтпулии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибони ҳар кадоме аз вазнҳо бо 4 ҳазор евро, зинаи дуюм – бо 2,4 ҳазор евро ва зинаи сеюм – бо 1,2 ҳазор еврогӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ мешаванд. Мураббиёни онҳо мутаносибан 1000, 600 ва 300 евро мукофотпулӣ мегиранд.

Соли равон боз мусобиқаҳои зерини байнулмилалӣ оид ба ҷудо дар назар аст:

7-14 май: Чемпионати ҷаҳон, Давҳа (Қатар)

25-27 май: Гран-при, Линтс (Австрия)

2-4 июн: Гран-При, Душанбе (Тоҷикистон)

23-25 июн: “Grand Slam”, Улан-Батор (Муғулистон)

4-6 август: Мастерс, Будапешт (Маҷористон)

18-20 август: Гран-при, Загреб (Хорватия)

29-30 август: мусобиқаи санҷишӣ (тестӣ), Париж-2024 (Фаронса)

22-24 сентябр: “Grand Slam”, Боку (Озарбойҷон)

4-8 октябр: Чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон, Коимбра (Португалия)

10-12 ноябр: “Grand Slam, Абу-Даби (АМА)

2-3 декабр: “Grand Slam, Токио (Ҷопон).

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.