Боздошти ҷавони 19-сола барои бадрафторӣ нисбат ба ҷавондухтар

Кормандони милитсияи шаҳри Душанбе Умедҷон Мирзоалиев, як ҷавони 19-соларо барои бадрафторӣ нибат ба як ҷавондухтар боздошт намуданд. Ӯ пас аз нашри навори шикоятӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз сӯйи духтар ва талаби чораандешӣ, аз ҷониби милитсияи пойтахт дастгир карда шуд. Бино ба иттилои Раёсати ВКД-и Душанбе Умедҷон Мирзоалиев санаи 8-уми апрел, тахминан соати 8:30 дақиқа дар […]

Манзумаи Фирӯз, Asia-Plus

Кормандони милитсияи шаҳри Душанбе Умедҷон Мирзоалиев, як ҷавони 19-соларо барои бадрафторӣ нибат ба як ҷавондухтар боздошт намуданд. Ӯ пас аз нашри навори шикоятӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз сӯйи духтар ва талаби чораандешӣ, аз ҷониби милитсияи пойтахт дастгир карда шуд.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД-и Душанбе Умедҷон Мирзоалиев санаи 8-уми апрел, тахминан соати 8:30 дақиқа дар кӯчаи М.Турсунзода ба духтаре муносибати дағалона мекунад ва он духтар ҳодисаро ба навор гирифта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ интишор менамояд.

Пас аз таҳқиқи навор, Умедҷон Мирзоалиев, зодаи ноҳияи Восеъ, ки муваққатан дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунанд, боздошт ва нисбати ӯ маводҳои лозима тартиб дода шуда, ба додгоҳ ирсол гардидааст.

“Дастгиршуда ба гуноҳаш иқрор шуда, изҳор дошт, ки воқеан  нисбат ба ҷавондухтар бе ягон сабаб бадрафторӣ намуда, шаъну шарафи ӯро паст задааст”, – навиштааст ин ниҳод.

Бояд гуфт, ки ин аввалин ҳодисаи боздошти ҷавонон барои рафтори бад алайҳи духтарон нест. Қаблан низ милитсияи пойтахт аз боздошти ҷавонон дар робита ба муносибати дағал ва бадрафторӣ нисбат ба занону духтарон хабар дода буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.