Акмал Амирӣ дар пайи як даргирӣ бо Толибон дар Панҷшер кушта шуд

Акмал Амирӣ, фармондеҳи аршади Ҷабҳаи муқовимати милии Афғонистон ва яке аз қумандонҳое, ки ошкоро низоми Толибонро танқид мекард, зимни як даргирӣ бо Толибон* дар Панҷшер ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора рӯзномаи "8-и субҳ" бо такя ба манобеи худ хабар медиҳад. “Манобеъи мӯътамад дар сӯҳбат бо рӯзномаи “8-субҳ” мегӯянд, ки Амирӣ шаби душанбеи 10-уми апрел […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Акмал Амирӣ, фармондеҳи аршади Ҷабҳаи муқовимати милии Афғонистон ва яке аз қумандонҳое, ки ошкоро низоми Толибонро танқид мекард, зимни як даргирӣ бо Толибон* дар Панҷшер ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора рӯзномаи "8-и субҳ" бо такя ба манобеи худ хабар медиҳад.

“Манобеъи мӯътамад дар сӯҳбат бо рӯзномаи “8-субҳ” мегӯянд, ки Амирӣ шаби душанбеи 10-уми апрел дар ноҳияи Шатели Панҷшер ҳамроҳ бо чанд нафар афродаш кушта шудааст”, – навиштааст рӯзнома.

Ба гуфтаи манбаъ, шаби гузашта Толибон ба мавқеъҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар вулусволии Саланги вилояти Парвон ҳамла кардаанд ва пас аз ин ҳамла Акмал Амирӣ ва зердастонаш аз кӯҳистон ба сӯи вулусволии Шатели Панҷшер ҳаракат мекарданд, ки ба камини Толибон дучор шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, Абдулҳамид Хуросонӣ, волии Толибон дар Аҳмадободи Пактиё, дар сӯҳбат бо рӯзномаи “8-и субҳ” гуфтааст, ки афроди ӯ Акмал Амирӣ ва ҳашт сарбозашро дар вулусволии Шател куштаанд.

Ба гуфтаи ӯ, дар пайи ин даргирӣ чанд тан аз аъзои Акмал Амирӣ ба дасти Толибон асир афтодаанд.

Алим Майсам Назарӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ низ хабари кушта шудани Акмал Амириро тасдиқ карда, дар саҳифаи фейсбуки худ навишт, ки “мубориз ва қаҳрамони орзуи адолату озодии халқи мо, фармондеҳ Акмал Амирӣ ҳамроҳи ҳамсафонаш ҷоми шаҳодатро дар роҳи шаъну шараф ва озодии Ватан нӯшиданд”.

Дар робита ба ин, Назарӣ ба мардуми кишвараш ҳамдардӣ баён карда, навиштааст, ки ҳар қатраи хуни шаҳидони муқобилати халқи афғон ба решаҳои ҳаққонии талаби озодӣ, шаъну шараф ва адолат об дода, моро ба ғалаба наздик мекунад.

Акмал Амирӣ яке аз фармондеҳони нерӯҳои вижаи ҳукумати қаблии Афғонистон буд, ки пас аз суқути он ба Панҷшер рафт ва ба Ҷабҳаи муқовимати миллӣ пайваст.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.