Ҷанҷоли гурӯҳии зодагони Қафқоз ва Осиёи Марказӣ дар Маскав

Зодагони Қафқози Шимолӣ бо зодагони Осиёи Маркази барои бақайдгирии қалбакӣ дар Маскав ҷанҷол карданд. Як нафар аз корд захм гирифтааст, хабар медиҳад Baza дар Telegram-канали худ. Ба иттилои нашрия, ҷанҷолу муноқиша дар кӯчаи Зеленодолский дар назди тарабхонаи “Вкусно и точка” рух додааст. Се тан аз зодагони Ӯзбекистон ҳамроҳи дӯстонашон аз Тоҷикистон ва Туркманистон назди шахсоне […]

Asia-Plus

Зодагони Қафқози Шимолӣ бо зодагони Осиёи Маркази барои бақайдгирии қалбакӣ дар Маскав ҷанҷол карданд. Як нафар аз корд захм гирифтааст, хабар медиҳад Baza дар Telegram-канали худ.

Ба иттилои нашрия, ҷанҷолу муноқиша дар кӯчаи Зеленодолский дар назди тарабхонаи “Вкусно и точка” рух додааст.

Се тан аз зодагони Ӯзбекистон ҳамроҳи дӯстонашон аз Тоҷикистон ва Туркманистон назди шахсоне омадаанд, ки ба онҳо бақайдгузориро фармоиш дода буданд ва баргардонидани пулро барои қайди қалбакӣ талаб кардаанд.

Байни ҷонибҳо муноқишаи лафзӣ ба амал омада, ба ҷанҷоли дастҷамъӣ табдил ёфтааст.

Шаҳрванди Ӯзбекистон аз зарби корд дар шикамш захм гирифта, ӯро ба беморхона интиқол додаанд.

Аз иштирокчиёни ҷанҷол 15 нафар – шаҳрвандони Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Туркманистон, инчунин 5 каси дигарро аз Чеченистон, 3 нафарро аз Доғистон ва 1 танро аз Кабардино-Балкария ба шуъбаи пулис бурдаанд.

Нисбати 2 шаҳрванди Ӯзбекистон барои майдаавбошӣ ва нақзи қоидаҳои вуруд ба Русия санад тартиб дода шудааст.

Дар бораи оқибатҳои ҷанҷолу муноқиша барои дигар иштирокчиёни он маълумот дода намешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.