Samsung иқдоми «WindFree. Тобистони форам бе шамол»-ро оғоз мекунад

Date:

То гармии тобистон рӯзҳои каме мондааст ва вақти интихоби кондитсионер – тадбири хуб барои муқаррар кардани ҳавои соф дар хона – ҳам расидааст. Ҳам ба маънои том, ва ҳам ба маънои маъҷозӣ.

Чунки технологияи инноватсионии Samsung WindFree – системаи ягонаест, ки «ҳавои собит»-ро барои ташкили муҳити муфид дар хона истифода мебарад.

WindFree – равиши ҳаво, ки бо суръати 0,15 м/с ҳаракат мекунад ва бодғарро ба миён намеорад.

Технологияи WindFree тариқи даҳҳо ҳазор микросӯрохиҳо равиши ҳавои нарму форамро дар хона баробар тақсим мекунад.

Инчунин дар низоми WindFree пояи берунии кондитсионер қувваи минималии барқро истифода мебарад ва бесадо кор мекунад.

Ҳамин тариқ, шумо метавонед, фикри маблағи сарфи барқро накарда, ҳавои софу муфидро дар хона нигоҳ доред.

Ва боз кондитсионерҳои Samsung бо технологияи WindFree-ро харид карда, шумо метавонед иштирокчии иқдом шавед ва тӯҳфаҳо бурд намоед.

Аз 15 апрели соли 2023 Samsung иқдоми “WindFree. Тобистони форами бе шамол”-ро оғоз мекунад. Иқдом то 31 августи соли 2023 давом медиҳад.

Барои иштирок дар иқдом бояд дар марҳиллаи гузаштани он аз шарикони расмии Samsung кондитсионер бо технологияи WindFree-ро харед.

Баъд аз он харидор бояд худро дар сомонаи https://windfree.tj  ба қайд гирад. Дар ин сомона ҳамаи майдончаҳоро бо маълумоти муҳим бояд пур кунад: ному насаб, e-mail, рақами силсилавии маҳсулоти харидшуда, шаҳре, ки дар он харидор истиқомат мекунад ва ё дар мавриди гузаронидани иқдом дар он ҷо аст, шарики расмии иқдом, ки маҳсулот аз он харид шудааст, навъи кондитсионер, сурати чек, рақами телефони мобилӣ барои тамос.

Ба иштирокчӣ SMS дар бораи бақайдгирии бомуваффақият ирсол карда мешавад.

Қуттии маҳсулот бо ҳуччатҳое, ки харидро тасдиқ мекунанд, то охири иқдом бояд нигоҳ дошта шаванд. Агар иштирокчӣ ду ва маҳсулоти зиёдтар харад, ӯ ҳақ дорад дар муддати иқдом дар куръапартоии 2 тӯҳфа иштирок кунад.

Дар иқдом телефон, телевизор, чангкашаки амудӣ, чангкашак бо қуттӣ барои чанг, гармкунаки микромавҷӣ ва мошинаи ҷомашӯиро бурд кардан мумкин аст.

Бозӣ барои бурди тӯҳфаҳо ҳар моҳ дар аккаунти @samsungtajikistan дар Instagram бо истифода аз онлайн генератори рақамҳои тасодуфӣ дар сомонаи https://lizaonair.com/ бо чунин тартиб гузаронида мешавад:

– барои иштирокчиёне, ки кондитсионерро аз 15 апрели соли 2023 то 30 апрели соли 2023 харид карданд, бозӣ 20 май гузаронида мешавад,

– барои иштирокчиёне, ки кондитсионерро аз 1 маи соли 2023 то 31 маи соли 2023 харид карданд, бозӣ 20 июн гузаронида мешавад,

– барои иштирокчиёне, ки кондитсионерро аз 1 июни соли 2023 то 30 июни соли 2023 харид карданд, бозӣ 20 июл гузаронида мешавад,

– барои иштирокчиёне, ки кондитсионерро аз 1 июли соли 2023 то 31 июли соли 2023 харид карданд, бозӣ 20 август гузаронида мешавад,

– барои иштирокчиёне, ки кондитсионерро аз 1 августи соли 2023 то 31 августи соли 2023 харид карданд, бозӣ 20 сентябр гузаронида мешавад.

Кондитсионерҳоро аз шарикони расмии Samsung – ҶММ «Восток» (мағозаҳои «Волна») и ҶММ «Атлант» (маҳозаҳои “Авранг”) дар Душанбе ва Хуҷанд харид кардан мумкин аст.

Маълумоти пурраро дарр бораи иқдом дар саҳифаҳои иҷтимоии ширкати Samsung ва дар сомонаи www.windfree.tj ёфтан мумкин аст

Samsung WindFree: роҳат бе шамоли хунук, бо ҳавои форам, бо намии муфид ва тоза.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...