КҲФ: Рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон 3 наврас ғарқ шуданд

Шабонарӯзи гузашта дар обанборҳои кишвар ҳалокати 3 ноболиғ ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ. “Рӯзи 23 апрел ҳангоми оббозӣ дар ҷойҳои манъшуда сокинони 12, 13 ва 14-солаи ноҳияҳои Варзобу Ёвон ва шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд ҳалок шуданд”, – омадааст дар хабар. Гуфта мешавад, ҷасади навраси 14-солаи шаҳраки Бӯстон бо […]

Asia-Plus

Шабонарӯзи гузашта дар обанборҳои кишвар ҳалокати 3 ноболиғ ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.

“Рӯзи 23 апрел ҳангоми оббозӣ дар ҷойҳои манъшуда сокинони 12, 13 ва 14-солаи ноҳияҳои Варзобу Ёвон ва шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд ҳалок шуданд”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, ҷасади навраси 14-солаи шаҳраки Бӯстон бо талоши кормандони шуъбаи КҲФ дар ноҳия дар ҳамдастӣ бо сокинони маҳаллӣ дарёфт ва хешовандонаш супурда шудааст.

Ҷустуҷӯи ҷасадҳои 2 навраси дигар аз ноҳияҳои Варзобу Ёвон аз ҷониби кормандони Кумита идома дорад.

Ғайр аз ин, дар Кумита зикр мекунанд, ки сарфи назар аз огаҳиҳои такрорӣ ҷиҳати эҳтиёкор будан ҳангоми дар мавзеъҳои кӯҳистон қарор доштан, на ҳамаи шаҳрвандон онро ба эътибор мегиранд, ки ба фоҷеаҳо меанҷомад.

Тавре ки дафтари матбуоти Кумита менависад, сокини 21-солаи деҳаи Асбоби ҷамоати деҳоти Работи шаҳри Турсунзода ҳангоми истироҳат бо дӯстонаш дар мавзеи Чинордара аз баландӣ поин афтода, аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар роҳ ба бемористон ба ҳалокат расидааст.

Дар ин робита, КҲФ бори дигар хотиррасон менамояд, ки мавсими оббозӣ ҳоло оғоз нашудааст ва ба волидайн боисрор тавсия медиҳад, ки ба кӯдакон аз риояи қоидаҳои бехатарӣ ва оббозӣ дар ҷойҳои манъшуда маълумот диҳанд.

“Кӯдаконро шиноварӣ омӯзед! Айни замон ҳарорати об дар обанборҳо ҳамагӣ 13-14 дараҷа гарм аст, ки барои саломатӣ хатарнок мебошад”, – зикр мешавад дар хабари Кумита.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.