Пиёзи барвақтии Тоҷикистон ба Қазоқистон фиристода мешавад

Қазоқистон барои таъмини бозори дохилии худ ва ба эътидол овардани нархи ин сабзавот масъалаи харидории пиёзи барвақтӣ аз Тоҷикистонро баррасӣ мекунад. Дар ин бора Вазорати савдои ин кишвар хабар медиҳад. Аввали моҳи март Қазоқистон дар бораи интиқоли сабзавоти барвақтӣ аз Тоҷикистон дар давраи байни мавсимҳо созишнома ба имзо расонид. Он замон дар доираи сафари муовини […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Қазоқистон барои таъмини бозори дохилии худ ва ба эътидол овардани нархи ин сабзавот масъалаи харидории пиёзи барвақтӣ аз Тоҷикистонро баррасӣ мекунад. Дар ин бора Вазорати савдои ин кишвар хабар медиҳад.

Аввали моҳи март Қазоқистон дар бораи интиқоли сабзавоти барвақтӣ аз Тоҷикистон дар давраи байни мавсимҳо созишнома ба имзо расонид. Он замон дар доираи сафари муовини аввали вазири савдо ва ҳамгироии Қазоқистон Арман Шаккалиев ба Тоҷикистон дар бораи таъмини бозори Қазоқистон бо сабзавоту меваи зарурӣ аз Тоҷикистон дар давраи байни мавсимҳо, ки захираҳои сабзавоти маҳаллӣ ба охир мерасанду ба воридоти онҳо талабот пайдо мешавад, гуфтушунид шуда буд.

Ба ивази он ҷониби Қазоқистон ба Тоҷикистон гандум ва орд интиқол медиҳад.

Зимни вохӯрӣ ҳамчунин зикр шуд, ки дар бахши кишоварзии Тоҷикистон барои парвариши зироатҳои аз лиҳози экологӣ тоза, инчунин кишти барвақтӣ ва такрорӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ ва фермаҳои чорводорӣ ва парандапарварӣ шароити мусоид мавҷуд аст.

Қобили зикр аст, ки имсол майдони кишти пиёз дар Тоҷикистон то 17 ҳазор гектар зиёд карда шуданд. Ҳосили пиёз дар давоми мавсим бояд 747 ҳазор тоннаро ташкил диҳад.

Ба ин тариқ, тибқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ, Тоҷикистон натанҳо талаботи аҳолиро бо ин навъи сабзавот қонеъ месозад, балки зиёдатиашро ба хориҷи кишвар содир мекунад. Талаботи солонаи ҷумҳурӣ ба пиёз 250-300 ҳазор тонна дар як сол арзёбӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.