Аҳмад Масъуд: Шинохти Толибон охирин мех дар тобути мардуми Афғонистон ва озодӣ хоҳад буд

Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар як нишасти хабарӣ пас аз дуввумин “Нишасти Вена”, ки нерӯҳои зиддитолибро дар пойтахти Утриш (Австрия) ҷамъ овардааст, гуфт, миёни Толибон* ва ДОИШ ҳеҷ тафовуте вуҷуд надорад ва “шинохти ин гуруҳ охирин мех дар тобути мардуми Афғонистон ва озодӣ хоҳад буд”. Масъуди хурдӣ ин суханонро дар посух ба […]

Мавод аз пойгоҳи "Aamaj News". Таҳияи Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар як нишасти хабарӣ пас аз дуввумин “Нишасти Вена”, ки нерӯҳои зиддитолибро дар пойтахти Утриш (Австрия) ҷамъ овардааст, гуфт, миёни Толибон* ва ДОИШ ҳеҷ тафовуте вуҷуд надорад ва “шинохти ин гуруҳ охирин мех дар тобути мардуми Афғонистон ва озодӣ хоҳад буд”.

Масъуди хурдӣ ин суханонро дар посух ба гуфтаи Омина Муҳаммадӣ, муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, ки хост, барои ба расмият шинохтани Толибон музокирот сурат гирад, иброз дошт.

"Эътирофи Толибон ё фикр кардан дар ин маврид охирин мех дар тобути мардуми Афғонистон ва демократия хоҳад буд ва ин иқдом эҳтироми андакеро, ки нисбати ҷомеаи ҷаҳонӣ ва СММ боқӣ мондааст, аз байн хоҳад бурд", – гуфт ӯ.

Ба қавли ӯ “тарзи тафаккур, рафтор ва равиши Толибону ДОИШ як аст ва аз нигоҳи ҳуввият ин ду гурӯҳ мисли ду тарафи як танга мебошанд”.

Аҳмад Масъуд ба пирӯзии Ҷабҳаи муқовимат бар зидди Толибон изҳори итминон кард ва гуфт, ки ҷанг бо Толибон барои дифоъ аз арзишҳо аст.

Ӯ бори дигар ба нерӯи ҷабҳаи хеш таъкид кард ва зикр намуд, ки алорағми иддаои Толибон, “ҷабҳа вуҷуд дорад, қавӣ аст ва Толибонро водор кардааст, ки ба минтақаҳои ҷойгиршудаи онҳо бо лашкари бистҳазора ҳуҷум кунанд”.

“Толибон мегуфтанд, Ҷабҳа вуҷуд надорад, онҳо дар фазои шабакаҳои иҷтимоӣ ҳастанд, аммо ниҳоят собит шуд, ки аслан Толибонанд, ки намехоҳанд воқеиятро пазиранд. Ҷабҳа вуҷуд дорад ва Толибонро маҷбур кардааст, то бо нерӯи бистҳазора ба Андаробу дигар минтақаҳои нерӯҳои ҷабҳа мустақаршуда ҳуҷум кунанд”, – иброз дошт Аҳмад Масъуд.

Зимни баёнияи дуюмин “Нишасти Вена”, ки аз 24 то 26-уми апрел идома кард, ҳамчунин ба идома ва густариши муқовимати мусаллаҳона, сафарбар ва муттаҳид кардани тамоми ҷараёнҳои сиёсӣ, низомӣ ва шаҳрвандӣ алайҳи Толибон дар зери чатри ягона таъкид шудааст.

Бояд гуфт, ки дар ин нишаст фаъолони сиёсӣ, масъулони ҳукумат ва вакилони парлумони собиқ, хабарнигорон ва фаъолони шаҳрвандӣ низ ширкат доштанд.

Нахустин нишасти зидди Толибон, ки се рӯз идома кард, сентябри соли гузашта аз сӯи Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии Австрия баргузор шуда буд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.