Ҳодисаи навбатии дар заминаи рашк куштани ҳамсар дар Суғд

Сокини 38-солаи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ба куштори ҳамсари худ дар заминаи рашк гумонбар дониста мешавад. Таворе ки маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, ин ҳодиса рӯзи 26 апрел рух додааст. Гуфта мешавад,  мард дар хонаи холаи ҳамсараш мебинад, ки зани 23-солааш дар ҳуҷраи истиқоматӣ бо телефон гуфтугӯ дорад. “Ӯ аз ҳиссиёти рашк ва […]

Asia-Plus

Сокини 38-солаи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ба куштори ҳамсари худ дар заминаи рашк гумонбар дониста мешавад.

Таворе ки маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, ин ҳодиса рӯзи 26 апрел рух додааст.

Гуфта мешавад,  мард дар хонаи холаи ҳамсараш мебинад, ки зани 23-солааш дар ҳуҷраи истиқоматӣ бо телефон гуфтугӯ дорад.

“Ӯ аз ҳиссиёти рашк ва бадбинӣ бо мақсади куштор бо истифода аз корди хоҷагӣ мусаллаҳ гашта, 6 маротиба ба қисми аъзои бадани ҳамсараш задааст”, – омадааст дар хабари ВКД.

Зикр мегардад, ки нисбати гумонбаршуда мутобиқи моддаи 104, қ. 1 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Одамкушӣ, барқасдона аз ҳаёт маҳрум кардани шахси дигар) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, ба ӯ аз 8 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ёдрас мекунем, ки ин ҳодисаи дуюми ба ҳамин монанд аст: рӯзи 6 апрел дар Балҷувон сокини ноҳияи Восеъ Абдулфайз Хоҷаев бо мақсади оштишавӣ ба хонаи волидони ҳамсараш меояд.

Вақте ки аз ҳамсараш ҷавоби рад мегирад, занро бо якчанд зарбаҳои корд захмӣ мекунад.

Дар ин ҳодиса бародари 17-солаи зан барои ин кор аз шавҳари хоҳараш қасос гирифта, ӯро бо корд мекушад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.