“6 нафар ҳалок шуданд”. Оқибати як садама дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ

Субҳи имрӯз, 1-уми май, дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ мошини тамғаи “Старекс” ба садама дучор шуда ва дар натиҷаи он 6 нафар ҳалок ва 3 зану кӯдак маҷрӯҳ гардидаанд. Дар ин бора Кумитаҳои ҳолатҳои фавқулода (КҲФ) иттилоъ медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, ин ҳодиса тақрибан соати 4:00 субҳи имрӯз дар километри 154-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ рух додааст. “Наҷотдиҳандагони […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Субҳи имрӯз, 1-уми май, дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ мошини тамғаи “Старекс” ба садама дучор шуда ва дар натиҷаи он 6 нафар ҳалок ва 3 зану кӯдак маҷрӯҳ гардидаанд. Дар ин бора Кумитаҳои ҳолатҳои фавқулода (КҲФ) иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, ин ҳодиса тақрибан соати 4:00 субҳи имрӯз дар километри 154-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ рух додааст.

“Наҷотдиҳандагони КҲФ дар минтақаи Зарафшон ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, маълум карданд, ки ронандаи автомашинаи тамғаи “Старекс” ҳангоми ҳаракат аз маркази ноҳияи Айнӣ ба самти шаҳри Панҷакент идораи воситаи нақлиётро аз даст дода, ба самти ҷарии 200 метра мошинро сарозер кардааст”, – омадааст дар хабар.

Тавре КҲФ менависад, наҷотдиҳандагон бо ёрии техникаи кӯҳӣ ба дара фуромада, ҷасади ронанда ва панҷ мусофирро аз мошин берун оварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.

Ҳамин тавр, 3 нафар – 2 кӯдак ва 1 занро бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористони ноҳияи Айнӣ бурданд.

Ному насаби ҳалокшудагон ва маҷрӯҳон зикр карда намешавад.

Гуфта мешавад, ки ҳоло наҷотдиҳандагон паёмадҳои садамаи маргбор дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқро бартараф кардаанд.

Дар робита ба ин, КҲФ бори дигар ба ронандагон хотиррасон мекунад, ки ҳарчи бештар эҳтиёткор бошанд ва тамоми қоидаҳои ҳаракати роҳ, инчунин меъёри суръатро риоят кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.