“Ба таври пӯшида мегузарад”. Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти Давҳа оид ба Афғонистон иштирок мекунад

Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти вижаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба Афғонистон дар Давҳаи Қатар, ки қарор аст имрӯз, 1-уми май, баргузор шавад, ширкат мекунад. Дар ин бора Шоҳин Самадӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дод. Аммо ӯ дар хусуси аъзои ҳайати кишвар тафсилот ироа накард. Гуфта мешавад дар нишасти имрӯзаи СММ оид […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти вижаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба Афғонистон дар Давҳаи Қатар, ки қарор аст имрӯз, 1-уми май, баргузор шавад, ширкат мекунад. Дар ин бора Шоҳин Самадӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Аммо ӯ дар хусуси аъзои ҳайати кишвар тафсилот ироа накард.

Гуфта мешавад дар нишасти имрӯзаи СММ оид ба Афғонистон намояндагони 25 кишвари ҷаҳон ҳузур хоҳанд дошт.

Дар ҳамин ҳол, рӯзномаи  “8 субҳ” бо такя ба расонаҳои байналмилалӣ хабар медиҳад, ки ин нишаст ба таври пӯшида баргузор хоҳад шуд.

Ба иттилои манбаъ, исми ширкаткунандагони нишасти Давҳа ва макони двқиқи баргузории он то ҳол эълон нашудааст.

Бар асоси иттилои нашршуда, СММ қасд дорад намояндагони бархе аз кишварҳои марбут ба умури Афғонистонро гирди ҳам оварда, роҳҳои таъсиррасонӣ ба Толибонро баррасӣ кунад.

Ҳарчанд муовини дабири кулли СММ чанде пеш гуфта буд, ки дар ин нишаст роҳҳои хурди ба расмиятшиносии Толибон низ баррасӣ хоҳад шуд, аммо Ведант Пател, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико, ахиран гуфтааст, “ҳар навъ ба расмият шинохтани Толибон* комилан аз рӯи миз хориҷ аст.”

Ба иттилои рӯзнома, нишасти вижаи СММ оид ба Афғонистон дар ҳоле баргузор мешавад, ки панҷ қудрати ҷаҳонӣ, аъзои Шӯрои амнияти ин созмон, дар авохири ҳафтаи гузашта маҳдудиятҳои ҷорикардаи Толибон барои занон дар Афғонистонро маҳкум кардаанд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.