Эмомалӣ Раҳмон Шавкат Мирзиёвро бо муваффақона гузаронидани раъйпурсӣ табрик кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарвари давлати Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро бо муваффақона баргузор намудани раъйпурсӣ оид ба ворид намудани тағйирот ба Конститутсияи ин кишвар табрик кард. Дар ин тағйирот дароз кардани муҳлати ваколатҳои президенти Ӯзбекистон аз 5 то 7 сол пешниҳод шуда буд. “Натиҷаҳои раъйпурсӣ бори дигар боварии баланд ва дастгирии мустаҳками мардуми Ӯзбекистонро аз роҳи […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарвари давлати Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро бо муваффақона баргузор намудани раъйпурсӣ оид ба ворид намудани тағйирот ба Конститутсияи ин кишвар табрик кард. Дар ин тағйирот дароз кардани муҳлати ваколатҳои президенти Ӯзбекистон аз 5 то 7 сол пешниҳод шуда буд.

“Натиҷаҳои раъйпурсӣ бори дигар боварии баланд ва дастгирии мустаҳками мардуми Ӯзбекистонро аз роҳи стратегии Шумо, ки ба рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа ва таҳкими давлатдорӣ дар кишвар нигаронда шудааст, тасдиқ мекунад”, – омадааст дар барқияи шодбошии Эмомалӣ Раҳмон, ки хадамоти матбуоти сарвари давлати Тоҷикистон нашр кардааст.

Дар фарҷоми барқия президенти Тоҷикистон ба Шавкат Мирзиёев сиҳатмандии комил ва дар фаъолияти давлатиаш комёбиҳои навин ва ба мардуми бародари Ӯзбекистон сулҳу некӯаҳволӣ ва пешрафти босубот орзу кардааст.

Бино ба маълумоти пешакии Комиссияи интихоботи Ӯзбекистон, рӯзи 30 апрел аз ворид намудани тағйирот ба Конститутсияи ин кишвар зиёда аз 15 млн нафар шаҳрвандон ё худ 90,21%-и овоздиҳандагон ҷонибдорӣ карданд.

Ислоҳот дар Конуститутсия бо ташаббуси президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев сурат гирифт. Тибқи ин ислоҳот, ба 65%-и моддаҳои Қонуни асосии ин кишвар тағйирот ворид карда мешавад.

Ба Конститутсия 27 моддаи нав илова шуда, шумори онҳо аз 128 то 155 модда расонида мешавад. Шумори меъёрҳо аз 275 то 434 адад зиёд мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.