Муҳоҷирати меҳнатии тоҷикон ба Русия дар семоҳаи аввал 40 дарсад афзоиш ёфт

Дар семоҳаи аввали соли 2023 ҳудуди 350 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои муҳоҷирати корӣ ба Русия рафтаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 100 ҳазор нафар ё 40 дарсад бештар аст. Дар ин хусус Хадамоти федеролии омори давлатии Русия хабар медиҳад Тоҷикистон тибқи ин нишондод, пас аз Ӯзбекистон дар ҷойи дуввум қарор дорад. Аз Ӯзбекистон […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар семоҳаи аввали соли 2023 ҳудуди 350 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои муҳоҷирати корӣ ба Русия рафтаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 100 ҳазор нафар ё 40 дарсад бештар аст. Дар ин хусус Хадамоти федеролии омори давлатии Русия хабар медиҳад

Тоҷикистон тибқи ин нишондод, пас аз Ӯзбекистон дар ҷойи дуввум қарор дорад. Аз Ӯзбекистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ беш аз 630 ҳазор нафар барои дарёфти кор ба Русия рафтаанд. Муҳоҷирати кории шаҳрвандони Ӯзбекистон ба Русия нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 беш аз 72 дарсад ё 264 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст.

Қирғизистон (тақрибан 173 ҳазор нафар), Арманистон (беш аз 47 ҳазор нафар), Қазоқистон (тақрибан 35 ҳазор нафар) низ ба панҷгонаи таъминкунандагони қувваи кории аслии Русия дохил шуданд.

Дар маҷмӯъ, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ, беш аз 516 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҳадафҳои мухталиф (тиҷоратӣ, сайёҳӣ, хусусӣ, таҳсил, сафарҳои транзитӣ ва ғайра) ба қаламрави Русия ворид шуданд.

Аксари онҳо (тақрибан 364 ҳазор нафар) ба қаламрави Русия тавассути нақлиёти ҳавоӣ, 130 ҳазор нафар тавассути автомобил, беш аз 16 ҳазор нафар тавассути роҳи оҳан, 4 нафар тавассути нақлиёти обӣ ва ҳудуди 7 ҳазор нафар пиёда (масалан, тавассути сарҳади Қазоқистону Русия. –идора) рафтаанд.

Тибқи омори Русия, дар семоҳаи аввали соли 2023 қариб 1 миллиону 300 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ вориди Русия шудаанд, ки ҳадафи сафари худро “кор” қайд кардаанд. Гуфта мешавад, ки ин нисбат ба ҳамин нишондиҳандаҳои се моҳи аввали соли гузашта 1,6 маротиба бештар аст. Дар семоҳаи аввали соли гузашта, тибқи иттилои расмӣ, беш аз 840 000 хориҷӣ марзро убур кардаанд.

Соли 2022 ҳудуди 3,5 миллион шаҳрванди хориҷӣ барои кор вориди Русия шудаанд, ки ҳудуди 987 ҳазор нафарро тоҷикон ташкил медиҳанд.

Муҳоҷирати корӣ ба Русия яке аз сарчашмаҳои асосии даромади аксари хонаводаҳои тоҷик боқӣ мемонад.

Маблағи интиқоли муҳоҷирони кории тоҷик ба Ватан дар даҳсолаҳои охир, дар солҳои гуногун, аз чоряк то нисфи маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳуриро ташкил додааст.

Мақомоти Тоҷикистон аз додани маълумот ба расонаҳо дар бораи интиқолҳо худдорӣ мекунанд, ҳарчанд дар ин бора ҳеҷ гуна маҳдудияти қонунӣ вуҷуд надорад.

Қаблан расонаҳои Тоҷикистон ин иттилоъро дар сомонаи Бонки марказии Русия дарёфт карда метавонистанд, аммо баъди оғози низоъи мусаллаҳонаи Русияву Украина, Бонки марказии Русия аз нашри чунин маълумот худдорӣ мекунад. Дар бораи сабабҳо ва мӯҳлати худдорӣ аз нашри маълумот, иттилоъ дода нашудааст.

Соли 2021 маблағи интиқоли муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон 1,8 миллиард долларро ташкил дод, ки ба 21% ММД-и ҷумҳурӣ баробар буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.