Тоҷикистон мусобиқаи футболи олимпии КФО-ро тирамоҳи соли 2023 қабул мекунад

Date:

Аз рӯи натиҷаҳои қуръакашӣ мунтахаби футболи олимпии Тоҷикистон (U-23) дар марҳилаи интихобии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи «I» бозӣ мекунад. Ин мусобиқа ҳамзамон марҳилаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Париж аст.

Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, марҳилаи интихобӣ дар гурӯҳи «I» аз 6 то 12 сентябр дар шаҳри Душанбе доир гардида,  рақибони дастаи мо мунтахабҳои Австралия, Лаос ва Кореяи Шимолӣ хоҳанд буд.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи қуръакашӣ 43 даста ба 11 гурӯҳ тақсим шуд. Ғолибони гурӯҳ ва инчунин 4 дастаи беҳтарини ҷойи 2-юмро ишғолкарда ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024, ки соли оянда дар Қатар баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.

Натиҷаҳои қуръакашии мусобиқаи марҳилаи интихобии Ҷорми Осиё-2024 (U-23):

Гурӯҳи «А»: Урдун (мизбони гурӯҳ), Сурия, Уммон, Бруней.

Гурӯҳи «В»: Кореяи Ҷанубӣ (мизбони гурӯҳ), Мянма, Қирғизистон, Қатар.

Гурӯҳи «С»: Ветнам (мизбони гурӯҳ), Сингапур, Яман, Гуам.

Гурӯҳи «D»: Ҷопон, Баҳрайн (мизбони гурӯҳ), Фаластин, Покистон.

Гурӯҳи «Е»: Ӯзбекистон (мизбони гурӯҳ), Эрон, Гонконг, Афғонистон.

Гурӯҳи «F»: Ироқ, Кувейт (мизбони гурӯҳ), Тимори Шарқӣ, Макао.

Гурӯҳи «G»: Амороти Муттаҳидаи Араб, Ҳиндустон, Малдив, Чин (мизбони гурӯҳ).

Гурӯҳи «H»: Таиланд (мизбони гурӯҳ), Малайзия, Бангладеш, Филиппин.

Гурӯҳи «I»: Австралия, ТОҶИКИСТОН (мизбони гурӯҳ), Лаос, Кореияи Шимолӣ.

Гурӯҳи «J»: Арабистони Саудӣ (мизбони гурӯҳ), Камбоҷа, Лубнон, Муғулистон.

Гурӯҳи «K»: Туркманистон, Индонезия (мизбони гурӯҳ), Тайбейи Чин.

Қобили зикр аст, ки дар мусобиқаҳои марҳилаи интихобии олимпӣ Тоҷикистон аз соли 1996 иштирок карда, лекин ҳоло ягон маротиба ба Олимпиада роҳ наёфтааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...