Имрӯз дар Чолпон-Ота нишасти “Иттиҳоди Аврупо – Осиёи Марказӣ” доир мегардад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз ба Қирғизистон рафт. Дар ин ҷо сарвари давлати Тоҷикистон дар нишаст (саммит)-и “Иттиҳоди Аврупо – Осиёи Марказӣ” иштирок мекунад. Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар ин сафар ӯро вазирони корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, ёври президент оид ба масоили иқтисодӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз ба Қирғизистон рафт. Дар ин ҷо сарвари давлати Тоҷикистон дар нишаст (саммит)-и “Иттиҳоди Аврупо – Осиёи Марказӣ” иштирок мекунад.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар ин сафар ӯро вазирони корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, ёври президент оид ба масоили иқтисодӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Барои иштирок дар кори нишаст сарони кишварҳои Ӯзбекистону Қазоқистон ва муовини раиси девони вазирони Туркманистон низ имрӯз ба шаҳри Чолпон-Ота меоянд.

Ҷониби Иттиҳоди Аврупоро дар ин вохӯрӣ президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел намояндагӣ мекунад.

Дар ҳошияи кори нишаст вохӯрии дуҷонибаи Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Қирғизистон Садир Жапаров ба нақша гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, дар нишаст вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ байни минтақаҳо баррасӣ шуда, оид ба масоили муҳиму рӯзмарраи байнулмилалӣ ва ҳамкориҳои мутақобилаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо табодули назар сурат мегирад.

Қобили зикр аст, ки аввалин вохӯрии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва раиси Шӯрои Аврупо Шарл Мишел 27 октябри соли 2022 дар шаҳри Остона баргузор шуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.