Дар Панҷакент боз як ёдгории таърихӣ кашф гардид

Дар деҳаи Фароби шаҳри Панҷакент новус (қабр)-е боз шудааст, ки дар он тоқчаву устухонҳо мавҷуд будааст. Ин қабр дар пайи фурӯравии қитъаи замин кашф гардидааст. Дар ин бора аз сомонаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад. Ба навиштаи манбаъ, қабр дар қисмати ҷанубии мазори Эшони Зарробӣ, қисмати […]

Asia-Plus

Дар деҳаи Фароби шаҳри Панҷакент новус (қабр)-е боз шудааст, ки дар он тоқчаву устухонҳо мавҷуд будааст. Ин қабр дар пайи фурӯравии қитъаи замин кашф гардидааст.

Дар ин бора аз сомонаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба навиштаи манбаъ, қабр дар қисмати ҷанубии мазори Эшони Зарробӣ, қисмати ғарбии сойи Ошхона, қисмати ҷанубии деҳаи Олимобод (маҳаллаи Қаротегин)-и Ҷамоати деҳоти Фароби шаҳри Панҷакент ҷойгир буда, атрофи онро қабристони замони нав иҳота кардааст.

“Дар натиҷаи корҳои таҳқиқотӣ дар зери зардхок новус (қабр) кофта шуд, ки шакли ҳуҷраи равоқпӯшро дорад. Дар дохили новус (қабр) тоқчаҳо мавҷуд мебошанд. Дар ҳар кадом тоқча як сағона ё устухондон (хуми устухондор) гузошта шудааст. Қисми зиёди чунин тоқчаҳо дар натиҷаи намнокии замин хароб шудаанд”, – менависад манбаъ.

Гуфта мешавад, ки ҳоло ба ин мавзеъи навкашфшуда бостоншиносон рафта, ба омӯзиш машғуланд ва хулосаҳои ниҳоии мутахассисин пас аз анҷоми пурраи таҳлилҳо пешкаши олами илм мегардад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.