Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода, лату кӯб шудани вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозодаро аз сӯйи хоҳарзодаҳои раисҷумҳури Тоҷикистон таъйид накард.
Раҳимзода дар нишасти хабарии имрӯзи ниҳоди зери раҳбарияш гуфт, ки "дар ин бора якумбор мешунавад. То кунун арзу шикояте ворид нашудааст. Мо ҳам аз интернет хондем, аммо ягон гапе нест".
Ин дар ҳолест, ки Радиои Озодӣ хабар дода буд, ки вазири тандурустӣ рӯзи 20-уми июл аз сӯи се хоҳарзодаи Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон латукӯб шуда буд. Ба иттилои зиёда аз панҷ манбаъи Радиои Озодӣ, Фахриддин, Фаррух ва Зиёдалӣ Сафаровҳо баъди фаҳмидани марги модарашон Қурбонбӣ Раҳмонова ба пизишкон, аз ҷумла вазири тандурустӣ ҳамла кардаанд. Норозигии онҳо гӯё замоне он сар задааст, ки пизишкони хориҷӣ гуфтаанд, шеваи табобати хоҳари президент дар беморхонаи ҳукуматӣ нодуруст аст.
Мувофиқи хабаре, ки ин манбаъ расонаӣ карда буд, дар ин муноқиша ҷоғи Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ осеб дида, Холмуҳаммад Раҳимзода, мудири Маркази тиббии назди Дастгоҳи иҷроияи президент аз сараш зарб хӯрда буд. Вазорати тандурустӣ ин хабарро рад карда гуфта буд, Ҷамолиддин Абдуллозода бо сафари корӣ ба Русия рафтааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.