“Яроқ истифода нашавад ва об баробар тақсим гардад”. Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон

Имрӯз, 14-уми июн, дар шаҳри Гулистон мулоқоти навбатии гуруҳи кории Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардида, ду ҷониб аз истифодаи накардани ҳамагуна яроқ ва истифодаи якҷоя аз оби полезиву нӯшокӣ сӯҳбат кардаанд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, ҳайати вилояти Тоҷикистонро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Қирғизистонро намояндаи ваколатдори […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Имрӯз, 14-уми июн, дар шаҳри Гулистон мулоқоти навбатии гуруҳи кории Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардида, ду ҷониб аз истифодаи накардани ҳамагуна яроқ ва истифодаи якҷоя аз оби полезиву нӯшокӣ сӯҳбат кардаанд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳайати вилояти Тоҷикистонро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Қирғизистонро намояндаи ваколатдори Президенти Қирғизистон дар Боткенд Абдукарим Алимбаев роҳбарӣ карданд.

Дар мулоқот, фармондеҳони қӯшунҳои сарҳадии ду кишвар генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва генерал-майор Уларбек Шаршиев, роҳбаронии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ​ ва мақомоти амнияти ду вилоят, раисони шаҳру навоҳии наздисарҳадӣ иштирок доштаанд.

Ҷонибҳо таъкид кардаанд, ки мушкилоти мавҷударо бо роҳҳои дипломатӣ ҳал намуда, барои таъмини​ амнияти сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ ва таҳкими муносибатҳои ҳамсоядорӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд

“Масъалаи пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолии наздисарҳадӣ ва пешгирӣ аз истифодаи ҳамагуна яроқ​ дар суҳбати​ генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва генерал-майор Уларбек Шаршиев баррасӣ шуда, тарафҳо барои идомаи музокирот ва бо роҳи гуфтушунид ҳал намудани масъалаҳои пешоянда мубодилаи афкор намуданд”, – менависад манбаъ.

Инчунин, афзуда мешавад, ки “дар мулоқоти васеи ҷонибҳо вобаста ба тақвиятбахшии корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, истифодаи якҷоя аз оби полезиву нӯшокӣ, риояи талаботи протоколҳои қаблан имзошуда мавриди таҳлил қарор дода шуд”.

Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳолест, ки мақомоти ду кишвар барои ҳалли “масъалаи об” дар гузашта ҳам мулоқотҳо доштанд ва ҳоло низ вохӯриҳо мегузаронанд, аммо самараи ин дидорҳо ба ҷуз “дар истифодаи якҷои об ба мувофиқа расидем” беш нест.

Ин аст, ки мушкилоти сокинони наздимарзии Тоҷикистон, махсусан масъалаи дастрасӣ ба об бо оғози мавсими кишт, ки даҳсолаҳо давом дошта, боиси муноқишаҳои хунин низ гаштааст, доғ аст.

Имсол низ сокинони маҳалҳои наздимарзии Тоҷикистон шикоят мекунанд, ки мушкил ҳалли худро наёфтааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.