Бузургмеҳр Ёровро дар мурофиаи нахустин бо даъвогар рӯбарӯ карданд

Дирӯз, 13-уми июн, дар бинои Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои зиндонии тоҷик бо Ҳасан Ҳасанов, нафаре, ки ӯро ба қаллобӣ гунаҳкор мекунад, рӯбарӯ суҳбат кардааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад. Манбаъ менависад, ки дар мурофиаи аввалин, вакили дифои Бузургмеҳзр Ёров, ки хонаводаи онҳо гирифта буданд, роҳ наёфт, вале Хосият Ёрова, хоҳари Бузургмеҳр […]

Дирӯз, 13-уми июн, дар бинои Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои зиндонии тоҷик бо Ҳасан Ҳасанов, нафаре, ки ӯро ба қаллобӣ гунаҳкор мекунад, рӯбарӯ суҳбат кардааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки дар мурофиаи аввалин, вакили дифои Бузургмеҳзр Ёров, ки хонаводаи онҳо гирифта буданд, роҳ наёфт, вале Хосият Ёрова, хоҳари Бузургмеҳр ва адвокате, ки мақомот ҷудо карда буданд, иштирок ва шоҳиди “баҳси рӯбарӯ” буданд.

Хосият Ёрова гуфтааст, Ҳасан Ҳасанов пойфишорӣ кардааст, ки Бузургмеҳр Ёров бо ваъдаи озодиаш аз маҳбас аз ӯ 42 ҳазору 500 сомонӣ гирифтааст. Вале Бузургмеҳр Ёров чунин муомила бо Ҳасан Ҳасановро рад карда, онро “тӯҳмати навбатӣ” номидааст.

Ҷамшед Ёров, бародари Бузургмеҳр Ёров ва раиси “Бунёди Бузургмеҳр” дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, адвокати давлатие, ки мақомот ҷудо крада буд, чанд соат пеш аз мурофиа даъват шудааст ва маълум нест, ки ӯ то куҷо дар муддати кӯтоҳ 500 саҳифаи парвандаро хондааст.

Ӯ мегӯяд, эҳтимол мақомот бо ин парвандаи нав мехоҳанд, Бузургмеҳрро гунаҳкор эълон карда, ба зиндони низомаш сахт дар шаҳри Бохтар интиқол диҳанд.

Қаблан Бузургмеҳр Ёров дар як номааш аз зиндон даъвои Ҳасан Ҳасановро тӯҳмат номида, аз тафтишот хоста буд, ки ӯро бо маҳбуси даъвогар рӯбарӯ кунанд ва ба наздиконаш ҳамчун шоҳид иҷозаи ширкат дар мурофиаро диҳанд.

Моҳи апрели соли равон, Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилӣ бар зидди Бузургмеҳр Ёро бар асоси шикояти як маҳбус бо номи Ҳасан Ҳасанов бо иттиҳоми қаллобӣ ба миқдори махсусан калон дар ҳолати ретсидивиӣ (моддаи 247, қисми 4, бандҳои “а” ва “б”) парвандаи нав ва ҳамакнун чорум боз карда, ӯро аз зиндон ба Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе интиқол дода буданд.

Мавқеи мақомот ва наздикони даъвогар дар робита ба парванда маълум нест.

Ёдовар мешавем, ки Бузургмеҳр Ёров яке аз вакилони дифои саршиноси тоҷик аст, ки аз соли 2015 ба ин сӯ дар маҳбас қарор дорад. Ӯро барои “қаллобӣ”, “сохтакорӣ”, “таҳқири намояндаи ҳокимият ва беэҳтиромӣ нисбат ба суд” гунаҳкор ва ба 28 соли зиндон маҳкум кардаанд. Бар асоси қонуни афв чаҳор сол муҳлати ҳабсаш кам шудааст.

Худи Бузургмеҳр Ёров ҳамеша ба бегуноҳии худ таъкид кардааст ва ҳукмро дорои ангезаи сиёсӣ номидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.