Беш аз 2 ҳазор волидайнро барои тарбияи нодурусти фарзанд ҷазо медиҳанд

Date:

Дар Душанбе волидайни 2 ҳазору 150 ноболиғро барои беаҳамиятӣ ва иҷро накардани уҳдадорӣ дар таълиму тарбияти фарзанд ҷазо медиҳанд. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, давоми 5 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Хадамоти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони РВКД дар шаҳри Душанбе рейду амалиётҳои санҷишӣ гузаронида шудааст.

“Дар ин муддат 2150 ноболиғе, ки ба оворагардӣ, талбандагӣ, боркашонӣ, ҷамъоварии маблағ дар нақлиёти ҷамъиятӣ, шустушӯи воситаҳои нақлиёт, марказҳои бозии компютерӣ, чилимхона, савдои кӯчагӣ, дуд додани испанд ва дигар амалҳо машғул буданд, ба мақомоти милитсия дастрас карда шудаанд”, – менависад манбаъ.

РВКД дар шаҳри Душанбе меафзояд, ки вобаста ба ҳолатҳои мазкур, нисбати волидайни наврасон барои иҷро накардани уҳдадориҳои парасторӣ ва тарбияи ноболиғон (моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ) протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба суд ирсол карда шудаанд.

Ҳоло маълум нест,ки додгоҳ нисбати онҳо чӣ ҳукм баровардааст.

Ин моддаи қонунгузорӣ, огоҳӣ ва ё аз се то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишонидаҳнда барои ҳисобҳо 68 сомонӣ) ҷарима пешбинӣ мекунад.

Милитсияи пойтахт шаҳрвандон, даъват кардааст, ки ҷиҳати таълиму тарбияи фарзандони худ аҳамияти ҷиддӣ дода, нагузоранд, ки онҳо вақти пурқиммати худро ба амалу корҳои беҳуда сипарӣ кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...