Беш аз 2 ҳазор волидайнро барои тарбияи нодурусти фарзанд ҷазо медиҳанд

Дар Душанбе волидайни 2 ҳазору 150 ноболиғро барои беаҳамиятӣ ва иҷро накардани уҳдадорӣ дар таълиму тарбияти фарзанд ҷазо медиҳанд. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, давоми 5 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Хадамоти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони РВКД дар шаҳри Душанбе рейду […]

Дар Душанбе волидайни 2 ҳазору 150 ноболиғро барои беаҳамиятӣ ва иҷро накардани уҳдадорӣ дар таълиму тарбияти фарзанд ҷазо медиҳанд. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, давоми 5 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Хадамоти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони РВКД дар шаҳри Душанбе рейду амалиётҳои санҷишӣ гузаронида шудааст.

“Дар ин муддат 2150 ноболиғе, ки ба оворагардӣ, талбандагӣ, боркашонӣ, ҷамъоварии маблағ дар нақлиёти ҷамъиятӣ, шустушӯи воситаҳои нақлиёт, марказҳои бозии компютерӣ, чилимхона, савдои кӯчагӣ, дуд додани испанд ва дигар амалҳо машғул буданд, ба мақомоти милитсия дастрас карда шудаанд”, – менависад манбаъ.

РВКД дар шаҳри Душанбе меафзояд, ки вобаста ба ҳолатҳои мазкур, нисбати волидайни наврасон барои иҷро накардани уҳдадориҳои парасторӣ ва тарбияи ноболиғон (моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ) протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба суд ирсол карда шудаанд.

Ҳоло маълум нест,ки додгоҳ нисбати онҳо чӣ ҳукм баровардааст.

Ин моддаи қонунгузорӣ, огоҳӣ ва ё аз се то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишонидаҳнда барои ҳисобҳо 68 сомонӣ) ҷарима пешбинӣ мекунад.

Милитсияи пойтахт шаҳрвандон, даъват кардааст, ки ҷиҳати таълиму тарбияи фарзандони худ аҳамияти ҷиддӣ дода, нагузоранд, ки онҳо вақти пурқиммати худро ба амалу корҳои беҳуда сипарӣ кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.