Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Иноят Иноятов бо Манижа Ахмедова мавзуи Расмиёти маъмурӣ оиди ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигиро баррасӣ карданд.
Оё дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатӣ ягон комиссия вобаста ба интихоб намудани қитъаи замин фаъолият менамояд ё не?
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 2005 таҳти №342 Қоидаҳои ҷудо кардани қитъаҳои замин барои шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ тасдиқ шудааст. Қоидаҳои ҷудо кардани қитъаҳои замин барои шахсони воқеи ва ҳуқуқи -тартиби пешниҳод ва барраси кардани дархости шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар бораи ҷудо кардан ва мусодира намудани қитъаҳои замин аз ҳамаи намудҳои заминҳо ва заминистифодабарандагонро муқаррар менамояд.
Мувофиқи талаботи қонун, дар назди мақомоти иҷрояити ҳолкимяти давлатии шаҳр ё ноҳия, комиссия оиди ҷудо намудани қитъаи замин таъсис дода мешавад. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия (шаҳр) барои интихоби қитъаи замин дар ҳайати зерин комиссия таъсис медиҳад: муовини раиси ноҳия, шаҳр, мутасаддии соҳаи кишоварзӣ (раиси комиссия), намояндаи кумитаи заминсозии ноҳия (шаҳр), меъмори ноҳия (шаҳр), мақомоти назорати санитарӣ ва хадамоти оташнишонӣ, мақомоти ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал, мақомоти хоҷагии об, мақомоти шабакаҳои барқии ноҳия (шаҳр),дигар идораҳои дахлдори ноҳия (шаҳр.
Истиқоматкунандагони деҳот оиди гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аввалан ба кадом мақомоти давлатӣ бояд, ки муроҷиат кунанд?
Барои ҷудо кардани замини наздиҳавлигӣ ба шаҳрвандон, ҷамоатҳо ба раиси ноҳия (шаҳр) бо дархост ё пешниҳод оиди ҷудо намудани муроҷиат менамояд. Аз ин рў ба сокинони деҳаҳо тавсия медиҳем, ки ба ҷамоат муроҷиат намоянд то ин ки ҷамоат дар асоси аризаи онҳо ба раиси ноҳия бо дархост ва пешниҳод муроҷиат намоянд.
Раиси ноҳия (шаҳр) тибқи салоҳияташ барои ҷудо намудани заминҳо, қарор қабул менамояд. Ҷамоат салоҳияти ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигиро надорад. Ҳамзамон ёдрас менамоем, ки шаҳрвандон метавонанд, ки бевосита бо ариза ё дархости хаттӣ оиди ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба унвони Раиси ноҳия (шаҳр) муроҷиат намоянд.
Дар парвандаи заминсозӣ оиди ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ кадом ҳуҷҷатҳои истифодабарии қитъаи замин ҳатман бояд бошанд?
Парвандаи заминсозӣ оид ба ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ дар се нусха тартиб дода шуда, нусхаи аслии он ба мақомоти давлатии заминсозӣ, нусхаи дуюм ба мақомоти заминсозии ноҳия (шаҳр) ва нусхаи сеюм ба xамоатҳо дода мешавад. Мувофиқи талаботи қонун, парвандаи заминсозӣ бояд аз ҳуҷҷатҳои зерин иборат бошад:
–пешниҳоди ҷамоатҳо оид ба ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба Раиси ноҳия (шаҳр);
-розигии заминисфодабаранда оид ба ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлиги;
-рӯйхати шаҳрвандоне, ки барои қитъаи замини наздиҳавлигӣ эҳтиёҷманданд;
-лоиҳаи нақшаи генералии қитъаи замин, ки мақомоти меъморӣ ва шаҳрсозии маҳаллӣ тасдиқ намудааст;
-нусха аз нақшаи заминистифодабарии хоҷагӣ (бо нишон додани соли нашр, номгӯи нақша, андоза ва рақами тарҳи замин) бо нишон додани сарҳади қитъаи заминҳои ҷудошаванда;
– нақшаи пешакии тақсимоти замин байни шаҳрвандон;
– хулосаи идораҳои дахлдор;
– қарори Раиси ноҳия (шаҳр), вилоят мувофиқи салоҳияташон дар бораи ҷудо кардани қитъаҳои замини наздиҳавлиги.
Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.




