Се тифли навзоди тоҷик, ки 18-уми июн аз Русия ба Тоҷикистон баргардонида шуданд, кӯдаконе мебошанд, ки модаронашон – шаҳрвандони Тоҷикистон дар таваллудхонаҳои Русия таваллуд кардаву партофта рафтаанд, хабар медиҳад Сафорати Тоҷикистон дар Русия.
“Ин се духтарро ба он хотир баргардонданд, ки дар қаламрави Русия бесаробон буданд. Онҳоро пас аз таваллуд дар таваллудхона гузошта, рафта буданд, аз ин рӯ онҳо ба Тоҷикистон баргардонида шуданд”, – гуфтанд дар Сафорат.
Ба гуфтаи ин манбаъ, вақте занони тоҷик аз баҳри тифли навзоди худ дар кишвари дигар мегузаранд, мақомоти дахлдори он кишвар ба намояндагии дипломатии Тоҷикистон хабар медиҳанд. Баъдан барои баргардонидани онҳо ба Тоҷикистон чораҳо андешида мешавад, аз ҷумла тамоми асноди зарурӣ ҷамъоварӣ мешавад.
“Пас аз баргардонидан ба Ватан, масъалаи додани кӯдакони бепарастор ба хешу табор ё хонаи кӯдакон аллакай дар ваколати Сафорат набуда, бо ин масъала мақомоти дахлдори Тоҷикистон, яъне ВКД сару кор дорад, яъне тасмимро онҳо мегиранд”, – гуфтанд дар Сафорат.
Дар ҳоли ҳозир аз ВКД дастрас кардани маълумот оид ба сарнавишти минбаъдаи духтарони бозгашта ғайриимкон аст.
Ба иттилои Сафорати Тоҷикистон дар Руси, аз аввали соли ҷорӣ, бо шумули се духтарани навзоди ахир, 9 шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистон ба Ватан оварда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи майи соли ҷорӣ Тоҷикистон аз Ироқ беш аз 100 нафар занону кӯдакон – шаҳрвандони Тоҷикистон баргаштанд. Раванди бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар урдугоҳҳо дар Ироқу Сурия қарор доранд, се сол қабл оғоз шуда буд. Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, дар соли 2022 аз урдугоҳҳои гурезаҳо дар Сурия 146 шаҳрванди кишвар, 122 кӯдак ва 24 зан баргардонида шуданд.


