“Душанбенақлиётхадамотрасон”: Ронандагони нақлиёти ҷамъиятии Душанбе вазифадоранд, ки “кондитсионер” фаъол кунанд

Тибқи меъёрҳои хидматрасонӣ ба аҳолӣ, тамоми автобусу троллейбусҳои шаҳри Душанбе, ки таҷҳизоти сардкунанда (кондитсионер) доранд, дар ҳавои гарм, бояд онро фаъол кунанд. Дар ин бора аз МДК “Душанбенақлиётхадамотрасон” ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд. Бино ба хабари ҳавошиносон, ҳафтаи равон дар Душанбе ҳарорати ҳаво беш аз 40 дараҷа гарм мешавад. Бо гарм шудани ҳаво, сокинони пойтахт аз […]

Тибқи меъёрҳои хидматрасонӣ ба аҳолӣ, тамоми автобусу троллейбусҳои шаҳри Душанбе, ки таҷҳизоти сардкунанда (кондитсионер) доранд, дар ҳавои гарм, бояд онро фаъол кунанд. Дар ин бора аз МДК “Душанбенақлиётхадамотрасон” ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.

Бино ба хабари ҳавошиносон, ҳафтаи равон дар Душанбе ҳарорати ҳаво беш аз 40 дараҷа гарм мешавад. Бо гарм шудани ҳаво, сокинони пойтахт аз ҳарорати дохили нақлиёти ҷамъиятӣ шикоят мекунанд.

МДК “Душанбенақлиётхадамотрасон” мегӯяд, ҳамасола аз 1-уми июн шаҳрдории Душанбе, бо назардошти боло рафтани ҳарорати ҳаво, ҳамаи автобусу троллейбусҳои пойтахтро бо сӯзишвории иловагӣ таъмин мекунад, то таҷҳизоти сардкунандаи онҳо фаъол бошад.

Бояд гуфт, ки бо фаро расидани фасли тобистон ва баланд шудани ҳарорати ҳаво дар кишвар сокинону меҳмонони пойтахт аз гармии дохили нақлиёти ҷамъиятӣ шикоят мекунанд ва бештар иддао доранд, ки таҷҳизоти сардкунандаи он кор намекунад.

“Душанбенақлиётхадамотрасон” дар посух ба як мактуби “Азия-Плюс” зикр кардааст, ки тамоми нақлиёти мусофирбар дар пойтахт ҳамарӯза аз санҷиши техникӣ гузаронида мешаванд ва баъдан ба кор оғоз мекунанд.

“Аз корхонаҳои нақлиётии мусофирбарии шаҳри Душанбе ҳамарӯза автобусу троллейбусҳое ба хатҳои сайр сафарбар карда мешаванд, ки таҷҳизоти сардкунанда (кондитсионер)-и онҳо дар ҳолати корӣ қарор дорад ва дар аксар ҳолатҳо бо сабабҳои техникӣ дар хатҳои сайр баъзе аз онҳо корношоям мегарданд ва бинобар сабаби вайрон нагардидани ҷадвали ҳаракат дар хати сайр фаъолияти чунин воситаҳои нақлиёт то анҷоми даври нақшавӣ ба роҳ монда шуда, баъди анҷоми кор барои таъмир ба маркази хизматрасонии техника “Сити Сервис ЛТД” пешниҳод карда мешавад”, – гуфтанд аз “Душанбенақлиётхадамотрасон”.

Аз ин ниҳод афзуданд, ки “дар аксари ҳолат таҷҳизоти сардкунандаи автобусу троллейбусҳо худсарона аз ҷониби худи ронандагон истифода бурда намешавад ва дар чунин ҳолатҳо аз мусофирон хоҳиш карда мешавад, ки аз ронандагон талаб намоянд, то таҷҳизоти сардкунандаи воситаи нақлиётро фаъол намоянд.

Ин ниҳод навиштааст, ки ба таври доимӣ фаъолияти автобусу троллейбусҳои пойтахтро назорат мекунанд ва дар ҳолати пайдо кардани ҳолатҳои фаъол набудани таҷҳизоти сардкунанда, нисбати ронанда чораи зарурӣ меандешад.

Дар маҷмӯъ, ба гуфтаи “Душанбенақлиётхадамотрасон”, дар бахши нақлиёти ҷамъиятии пойтахт 306 автобус, 65 троллейбус ва беш аз 1000 микроавтобус барои хидматрасонии шаҳрвандон дар пойтахт фаъолият мекунанд.

Аз ин ниҳод ба мо нагуфтанд, ки кай ва то чанд дараҷа баланд шудани дамои ҳаво дар Душанбе дар нақлиёти ҷамъиятӣ таҷҳизоти сардкунандаро бояд фаъол кунанд. Аммо дар кишварҳои ҳамсоя муқаррароти дамои ҳаво муайян шудааст: аз ҷумла, дар Қазоқистон дамои ҳаво 25 дараҷа ва дар Ӯзбекистон дамои ҳаво 35 дараҷа боло равад, таҷҳизоти сардкунандаи нақлиёти ҷамъиятӣ фаъол карда мешавад.

Дар Душанбе, ҳарорати ҳаво аллакай марзи +40 дараҷаро убур кардааст.

Дар ҳамин ҳол, дар “Душанбенақлиётхадамотрасон” таъкид мекунанд, дар сурати пайдо шудани ҳама гуна мушкил мусофирон метавонанд, ба рақами +992 93 999 85 10 ба тамос шаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.