Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҷузъиёти овардани навзодони тоҷикро ба Ватан шарҳ дод

Се тифли навзоди тоҷик, ки 18-уми июн аз Русия ба Тоҷикистон баргардонида шуданд, кӯдаконе мебошанд, ки модаронашон – шаҳрвандони Тоҷикистон дар таваллудхонаҳои Русия таваллуд кардаву партофта рафтаанд, хабар медиҳад Сафорати Тоҷикистон дар Русия. “Ин се духтарро ба он хотир баргардонданд, ки дар қаламрави Русия бесаробон буданд. Онҳоро пас аз таваллуд дар таваллудхона гузошта, рафта буданд, […]

Се тифли навзоди тоҷик, ки 18-уми июн аз Русия ба Тоҷикистон баргардонида шуданд, кӯдаконе мебошанд, ки модаронашон – шаҳрвандони Тоҷикистон дар таваллудхонаҳои Русия таваллуд кардаву партофта рафтаанд, хабар медиҳад Сафорати Тоҷикистон дар Русия.

“Ин се духтарро ба он хотир баргардонданд, ки дар қаламрави Русия бесаробон буданд. Онҳоро пас аз таваллуд дар таваллудхона гузошта, рафта буданд, аз ин рӯ онҳо ба Тоҷикистон баргардонида шуданд”, – гуфтанд дар Сафорат.

Ба гуфтаи ин манбаъ, вақте занони тоҷик аз баҳри тифли навзоди худ дар кишвари дигар мегузаранд, мақомоти дахлдори он кишвар ба намояндагии дипломатии Тоҷикистон хабар медиҳанд. Баъдан барои баргардонидани онҳо ба Тоҷикистон чораҳо андешида мешавад, аз ҷумла тамоми асноди зарурӣ ҷамъоварӣ мешавад.

“Пас аз баргардонидан ба Ватан, масъалаи додани кӯдакони бепарастор ба хешу табор ё хонаи кӯдакон аллакай дар ваколати Сафорат набуда, бо ин масъала мақомоти дахлдори Тоҷикистон, яъне ВКД сару кор дорад, яъне тасмимро онҳо мегиранд”, – гуфтанд дар Сафорат.

Дар ҳоли ҳозир аз ВКД дастрас кардани маълумот оид ба сарнавишти минбаъдаи духтарони бозгашта ғайриимкон аст.

Ба иттилои Сафорати Тоҷикистон дар Руси, аз аввали соли ҷорӣ, бо шумули се духтарани навзоди ахир, 9 шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистон ба Ватан оварда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи майи соли ҷорӣ Тоҷикистон аз Ироқ беш аз 100 нафар занону кӯдакон – шаҳрвандони Тоҷикистон баргаштанд. Раванди бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар урдугоҳҳо дар Ироқу Сурия қарор доранд, се сол қабл оғоз шуда буд. Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, дар соли 2022 аз урдугоҳҳои гурезаҳо дар Сурия 146 шаҳрванди кишвар, 122 кӯдак ва 24 зан баргардонида шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.