Дар арафаи Иди Қурбон дар Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ ташкил мешаванд

Дар бозорҳои шаҳри Душанбе дар арафаи Иди Қурбон ярмарка – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мешавад, хабар доданд аз шаҳрдории пойтахт ба “Азия-Плюс”. Гуфта мешавад, ки дар ин бора Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе қарори дахлдорро имзо кардааст. Ярмаркаҳо дар бозорҳои Душанбе аз 21 то 27-уми июн баргузор шуда, ба сокинон молу маҳсулот бо нархи дастрас […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Дар бозорҳои шаҳри Душанбе дар арафаи Иди Қурбон ярмарка – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мешавад, хабар доданд аз шаҳрдории пойтахт ба “Азия-Плюс”. Гуфта мешавад, ки дар ин бора Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе қарори дахлдорро имзо кардааст.

Ярмаркаҳо дар бозорҳои Душанбе аз 21 то 27-уми июн баргузор шуда, ба сокинон молу маҳсулот бо нархи дастрас пешниҳод карда мешаванд.

Ярмаркаҳо дар бозори Меҳргон, дар чорроҳаи кӯчаҳои Ҳусейнзода ва М.Турсунзода (назди Кумитаи меъморӣ ва сохтмон), дар майдончаи назди бозори “Қарияи боло”, бозори “Саховат” ва “Бозори деҳқон” (Гипрозем) ташкил карда мешаванд.

Иди Қурбон ҷашнест, ки онро ҳамасола мусалмонони ҷаҳон дар рӯзи 10-уми Зулҳиҷҷа, пас аз 2 моҳу 10 рӯзи Иди Фитр ҷашн мегиранд.  Дар Иди Қурбон мусалмонони ҷаҳон ба сафари ҳаҷ рафта, зиёрати хонаи Худоро ба ҷо меоранд. Ашхоси тавонманд дар ин рӯз, тибқи расми ин ойини мазҳабӣ, чорво қурбонӣ карда, ба ҳамсояҳои камбизоат ва мардуми дастнигар либосворӣ ва ё пулу маводи ғизоӣ кӯмак мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумоти пешакии Шӯрои уламои Тоҷикистон, имсол Иди Қурбон 28-уми июн таҷлил мешавад.

Ба ин тартиб, дар авали ҳафтаи оянда тоҷикистониён бо назардошти рӯзи якшанбе чаҳор рӯз пайиҳам истироҳат хоҳанд кард.

Барои пайиҳам омадани рӯзҳои истироҳат мувофиқи қарор “Дар бораи гузарондани рӯзҳои ид ба рӯзҳои дигари кории соли 2023”, рӯзи шанбеи 24-уми июн рӯзи корӣ буда, истироҳат ба рӯзи душанбеи 26-уми июн гузаронида мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.