Сухангӯи Кумитаи дин: Ҳоҷии тоҷик, ки дар Макка вафот кард, аз ташхиси тиббӣ гузашта буд

Абдулло Шарифов, як зоири тоҷик, ки 18-уми июн дар шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ даргузашт, дар Тоҷикистон аз ташхиси тиббӣ гузаштаву ба Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим маълумотномаи тиббӣ пешниҳод карда будааст. Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, ки масъули фиристодани сокинон ба ҳаҷ аст, ба “Азия-Плюс” гуфт, ки Абдулло […]

Абдулло Шарифов, як зоири тоҷик, ки 18-уми июн дар шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ даргузашт, дар Тоҷикистон аз ташхиси тиббӣ гузаштаву ба Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим маълумотномаи тиббӣ пешниҳод карда будааст.

Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, ки масъули фиристодани сокинон ба ҳаҷ аст, ба “Азия-Плюс” гуфт, ки Абдулло Шарифов рӯзи 13-уми июн барои адои маросими ҳаҷ аз Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ парвоз карда буд ва пас аз панҷ рӯз, 18-уми июн даргузашт.

“Ҳама зоирон пеш аз сафар ба Арабистони Саудӣ ба Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон дар хусуси гузаштани ташхиси тиббӣ маълумотнома пешниҳод мекунанд. Ба онҳое, ки вазъи саломатиашон хуб нест, иҷозати сафар дода намешавад”, – гуфт Афшини Муқим.

Ба гуфтаи сухангӯи ин ниҳод, Абдулло Шарифов низ қабл аз сафар ба Арабистони Саудӣ аз ташхиси тиббӣ гузаштаву дар ин хусус маълумотнома пешниҳод карда будааст. Вазъи саломатиаш низ хуб арзёбӣ мешуд.

“Давоми наздики як ҳафта, ки дар Макка қарор дошт, вазъи саломатиаш хуб буд. Рӯзи 18-уми июн Абдулло Шарфов даргузашт. Баъдан маълум шуд, ки ӯ бемории дил доштааст”, – гуфт Афшини Муқим.

Ин ҳоҷии даргузаштаи тоҷикро 19-уми июн дар яке аз қабристонҳои шаҳри Макка ба хок супориданд.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар хусуси даргузашти ҳоҷии тоҷик дар Арабистони Саудӣ, зимни адои маросими ҳаҷи имсола, Радиои Озодӣ иттилоъ дод. Ба навиштаи ин расона, Абдулло Шарифов сокини ноҳияи Мастчоҳ буд.

Имсол сафари зоирони тоҷик барои адои маносики ҳаҷҷи фарзӣ 10-уми июн оғоз шуд ва гуфта мешавад, ки то 20-уми июн давом мекунад.

Дар маросими адои маносики ҳаҷи имсола 7 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ мераванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...